Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фурқон» на танҳо Пайғамбари ислому Қуръон аст, балки
Зардушту Авесторт низ дар назар дорад.

Дар рисола ва мақолаҳои маҷмуа ҳамчунин андешаҳои тоза дар бораи кўри модарзод набудани шоир, дар мавзўъҳоии ишқ, ватандўстӣ, озодӣ ва амсоли инҳо дар ашъори ў баён шудаанд.
Қобили қайд аст, ки С.Амирзода дар аксари мавридҳо равиши таҳқиқи татбиқиро пеш гпигифта, падидаҳои адабии давраи Сомониёнро бо фарҳанги даврони Эҳёи Аврупо мавриди муқояси қарор медиҳад ва дар воқуъ ҷой доштани унсурҳои Ренесансро дар ҳуросони он даврон таъйид менамояд.
Китоби С.Амирзода бешкбҳа саҳифаи тозае дар Рўдакишиносӣ буда, аз он башорат медиҳад,ки Рўдакишиносии тоҷик аз умумгўиву иҷтимоигароӣ раҳо шуда, ба баррасии мушаххаси падидаҳои адабӣ рўй овардаст.

Роҳнамо ба олами адаб

Китоби дарсиро манбаъи асосҳои дониши ҳар соҳаи илм медонанд, ки комилан дуруст аст. Вале рисолати китоби дарсӣ танҳо бо ин маҳдуд намешавад. Зеро имрўз, ки замони иттилоот ва пешрафтҳои азими фановарист, асосҳо ва нуктаву дастовардҳои тозаи ҳар илмро ба таври дақиқу муфассал метавон аз тариқи интернет хеле ба роҳатӣ ва зуд пайдо ва истифода кард. Аз ин ҷост, ки мутолиаи китоб сол аз сол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли ҷаҳон коҳиш меёбад. Бинобар ин дар назди китобҳои дарсӣ ва муаллифони онҳо вазифаи басо масъул – нигоҳ доштани нақши роҳнамоии китоби дарсӣ ва ҷалби таваҷҷўҳи хонанда ба он меистад.
Пас барои адои ин вазифа чӣ бояд кард? Китоби дарсӣ чӣ сон бошад, ки хонандаро ба мутолиаи китоб ҷалб намояд, меҳру муҳаббати ўро ба ин сарчашмаи дониш афзун намояд, дар баробари интернету телевизион ва дигар василаҳои навини иттилоот пойдории худро аз даст надиҳад?
Ба назари мо имрўз китоби дарсӣ дар баробари сарчашмаи дониш будан бояд фонуси раҳнамо ҳам бошад ва толибилмонро ба қуллаҳои дониш ва дарки амиқи матолиби илмӣ ҳидоят намояд.
Дар ин арса, махсусан, китоби дарсии адабиёт метавонад нақши калон бозад. Аз ин рў қабл аз ҳама мо мехоҳем аз ҳамин дидгоҳ ба китоби дарсии Адабиёти тоҷик барои синфи 10, ки муаллифонаш У. Тоиров, М. Солеҳов, Р. Шарифов мебошанд, назар андозем.

пешина
аз 625
навбатӣ