Равзанаи адаб

Дар китобҳои дарсии онҳо такя бештар ба таҳлили забон ва тарзи баён карда мешавад.
Барои нишон додани зарурати чунин тарзи таҳлил як мисол меорем. Дар пораи зери «Дахмаи шоҳон»-и Мирзосоди- қи Муншӣ калимаи «мукофот» ниёз ба шарҳ дорад:
Зи бас маст будам зи ҷоми ғурур, Мукофотро дидам аз хеш дур.
Кунун ин мукофоти кирдорҳост,
Ҳамин ранҷам озори озорҳост.
Калимаи «мукофот» имрўз дар забони тоҷикӣ ба маънии ҷоиза, подош истифода мешавад. Вале дар пораи мазкур мукофот ба маънии манфии ҷазо ба кор рафтааст. Аз ин рў таҳлили он пораи манзум бояд аз шарҳи чунин вожаҳо шуруъ шавад.
Ба назари мо дар китоби дарсӣ таҳлили асарҳои зиёд зарур нест.Агар аз ҳар шоир як - ду шеър ё асари мансур таҳлили амиқу ҷомеи филологӣ шавад, дар хотири хонанда мемонад. Ин равиш дар китобҳои дарсии Эрон истифода мешавад. Дар адабиётшиносии рус низ вақтҳои охир таҳқиқи ҷомеи як шеър ва ба ин васила муайян кардани услуби эҷодии шоирон маъмул шудааст, ки шоистаи пайравист.
Таҳлил дар китоби дарсӣ бояд равшану фаҳмо, дақиқу мантиқӣ ва аз калимаву ибораҳои берабту бемантиқ холӣ бошад.
Мутаассифона, ин меъёр низ дар баъзе мавридҳо дар китоби мазкур риоя нашудааст. Масалан, пас аз нақли як ғазали пурраи Сайидо навишта шудааст: «Ғазали зикршуда моҳияти амиқи панду андарзӣ, насиҳатӣ-тарбиявӣ дошта, олами сабаб-олами инсонҳо хеле нозуку ҳунармандона мавриди тасвир қарор гирифтааст ва ғазал аз оғоз то анҷом(байт-байт) ирсоли масал аст.»(саҳ. 64). Аз ин таҳлил хонанда чӣ бардошт мекунад? Оё паи ҳам овардани чор калима, ки як маъно доранд, зарур аст? Олами сабаб-олами инсон чӣ маъно дорад? Чунин саволҳоро боз идома додан мумкин аст.
Зеро матлаб равшан баён нашудааст.
Таҳлили як ғазали дигари Сайидо низ ба ҳамин тариқ сурат гирифтааст: «Ё худ ғазали дигари шоир, ки аз нигоҳи мазмуну муҳтаво, моҳияти қавитари иҷтимоӣ дошта, ҳасби ҳоли шоир ва ҳолати қаҳрамони лирикӣ аз оғоз то анҷоми ғазал давом мекунад, ки аз тангии маишӣ ва бенавоӣ ба сари шоир омадааст.»(саҳ.64).
Дар зимни таҳлили ғазали комилан ошиқонаи Соиб, ки оҳанги иҷтимоӣ надорад, навиштаанд: «Газали мазкур низ ишқӣ буда, бо қавитарин оҳангҳои иҷтимоӣ қобили вуқуъ шудааст, ки танҳо як ишораи сабуке метавон бар муҳтавои он намуд, то ҳадафи эҷодкор ошкортар гардад»(саҳ96).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор