Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сафарҳои зиёди адибону ҳунарпешагон ба кишварҳои ҳамдигар, ташкили ҳамоишу маҳфилҳои муштараки илмиву адабӣ, ширкат дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоби Теҳрон ва Душанбе ва дигар ҳамоишу озмунҳо боиси ривоҷи робитаву ҳамкории дутарафа гардиданд.
Бо фарохони муштараки анҷуманҳои дўстии Эрону Тоҷикистон ва Тоҷикистону Эрон барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Эрон беш аз 20 ҳазор китоб ҷамъ оварӣ шуд, ки қисмате аз онҳо ба наздикӣ ба китобхона супорида шуд. Аксари онҳо китобҳои илмиву бадеӣ буда барои омўзиши адабиёти Эрон имконияти бештар фароҳам меоранд.
Дар Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин давра таваҷҷўҳ ба адабиёти тоҷик хеле афзуд. Нашриётҳои гуногуни давлативу хусусӣ ба нашри осори адибони тоҷик пардохтанд. Дар маҷаллаву рўзномаҳо осори адибони тоҷик бештар ба табъ мерасанд.
Масалан, маҷаллаи бонуфузи Эрон «Бухоро»(сардабираш Алии Деҳбошӣ) дар ҳар шуморааш таҳти унвони «Китобҳо ва нашриёте аз Тоҷикистон» тақризу китобиётро роҷеъ ба китобҳо ва маҷаллаву рўзномаҳои чопи Тоҷикистон ба табъ мерасонад, ки аксари онҳо ба қалами Масъуди Ирфониён мансуб аст. То ин дам маҷаллаи мазкур беш аз 200 нашрияи Тоҷикистонро ба хонандагони эронӣ муаррифӣ кардааст. Иттифоқи ависандагонро зарур аст, ки нисбат ба маҷаллаи «Бухоро»- ву кормандони он ва Масъуди Ирфониён қадршиносӣ намояд. Зеро воқеан маҷаллаи мазкур алҳол вазифаи ройзании фарҳангии Тоҷикистонро дар Эрон адо менамояд. Ҷои таассуф аст, ки то имрўз Тоҷикистон дар Эрон ройзании фарҳангӣ надорад ва зарурати таъсиси он кайҳо расида буд.
Ҳоло аз зикри номи адибон ва унвони асарҳои онҳо, ки дар пойтахти ду кишвар чоп шудаанд, худдорӣ намуда, мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба тарзу равиши нашри осор ҷалб намоям.
Аввалан бояд иқроро шуцд, ки ҳарчанд ҳам дар Тоҷикитстон ва ҳам дар Эрон китобҳои адибони эрониву тоҷик зиёд чоп мешаванд, вале мутаассифона, дар ин кор тартибу барномаи мушаххас вуҷуд надорад ва чопи асарҳо ба таври тасодуфиву номуназзам сурат мегирад. Ба назари мо хуб мешуд, ки дар Теҳрон ва Душанбе як комиссия ё шўрои муштараке ташкил шавад, ки асарҳои беҳтаринро барои баргардон ва нашр интихоб намояд.
Баъзан ҳолатҳое рух додааст, ки хандаовар аст. Масалан, дар Тоҷикистон ҳикояҳои нависандаи маъруфи Эрон Бузурги Алавиро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп карда буданд.

пешина
аз 625
навбатӣ