Равзанаи адаб

Нашриёим «Тўс»-и Эрон романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромиро аз забони фаронсавӣ ба форсӣ тарҷума ва чоп кдааст.Тарҷумаи фаронсавӣ ҳам на аз забони тоҷикӣ, балки аз забони русӣ сурат гирифтааст.
Масъалаи дигари баҳсангез ин тарзи баргардон аст. Тавре маълум аст, забонҳои муосири тоҷикиву форсӣ ба ҳам хеле наздиканд ва ниёз ба тарҷума надоранд ва осор фақат аз як хат ба хатти дигар баргардон мешаванд. Ин баргардон дар назари аввал кори осон менамояд, вале дар асл хеле дукшвориҳо дорад ва на ҳар кас аз ўҳдаи он мебарояд. Аз ин ҷост, ки дар баргардони матни аксари асарҳо ғалатҳи фаровон ба назар мерасанд, ки зикри онҳо вақти зиёдро мегирад.
Дар баргардони матни осори адибони эронӣ ба ҳуруфи тоҷикӣ, мутаассифона, низому равиши ягона вуҷуд надорад ва ҳар кас мувофиқи завқу салиқаи худ ин корро анҷом медиҳад.
Масалан, баъзеҳо калимаҳои барои тоҷикон номафҳуми форсиро ба муродифи тоҷикиашон иваз менамоянд. Мисол:
Ба назари мо ин равиши дуруст нест, зеро ҳангоми иваз кардани вожаҳо латофату нафосати услуби нависанда осеб мебинад.
Ҳангоми таҳияи ҳикояҳои нависандагони Эрон мо ҳеч калимаро иваз накарда муродифи калимаҳои номафҳумро дар қавсайн зикр намудем. Масалан, «Панҷара»(тиреза)…
Агар ҷумла ва ё ибораи дароз номафҳум бошад, дар он сурат дар поварақӣ ваё «Тавзеҳот» шаорҳ додан беҳтар аст.
Мутаасифона, ин равиши матншиносӣ дар аксари асарҳои баргардоншаванда риоя намешавад.
Барои рушду тавсиаи робитаву ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои форсизабон имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки мо бояд аз онҳо истифода намоем.То ҳол мо як муассисаи муштараки адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ надорем. Мутаассифона, фаъолияти Ройзании фарҳангӣ сол аз сол суст мешавад. Ҳоло ройзанӣ ба нашри маҷаллаи «Рўдакӣ» ба хатти форсӣ машғул аст, ки он дар Тоҷикистон паҳн мегардад. Ин мантиқӣ нест. Замоне, ки Муҳаммад Алии Ҷаъфарӣ ройзани фарҳангӣ буд, маҷаллае ба ҳуруфи тоҷикӣ чоп мекард, ки беҳтарин мақолаҳои донищмандону адибони Эронро фаро мегирифт. Ин корро ҳоло пажўҳишгоҳи назди сафорат шуруъ кардааст, ки амри хуб аст. Дар Эрон ҳамоишҳои зиёди илмӣ, озмунҳои гуногуни адабӣ баргузор мегарданд, ки аксари онҳо байналмилалианд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор