Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Адиби тоҷик Малеҳои Самарқандӣ маҳз барои ошноӣ бо ҳаёти адабии ҳамзабонон ба Эрон сафар намуд ва дар тўли се соли сафар бо даҳҳо шоирону нависандагон мулоқот намуда, осори онҳоро гирд овард ва дар тазкираи беназири худ «Музаккируласҳоб» ҷой дод. Иттилооте, ки ў дар бораи 58 адиби эронӣ сабт намудааст,хеле нодир буда, дар ҳеч сарчашмаи дигар ба назар намерасад. Дар ибтидои асри 20 ҳамон амалро Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ анҷом додааст.
Дар қарни 20 ҷудоӣ миёни ин ду мардум бештар гардид, вале робитаи фарҳангӣ ҳамоно идома дошт.Ба хусус дар Тоҷикистон таваҷҷўҳ ба адабиёту фарҳанги Эрон хеле зиёд буд. Ҳарчанд онҳо робитаи мустақми надоштанд, вале бо осори Маликушшуаро Баҳору Эраҷ Мирзо, Парвини Эътисомиву Фурўғи Фаррухзод, Ҳушанг Ибтиҳоҷи Сояву Нодири Нодирпур, Сиёвуши Касроиву Маҳдии Ахавони Солис, Саид Нафисиву Бузурги Алавӣ, Содиқ ҲидоятуМуҳаммад Алии Ҷамолзода, Содиқи Чубаку Ҷалол Оли Аҳмад, Симини Беҳбаҳониву Фаридуни Тункобунӣ, Симини Донишвару Нодири Иброҳимӣ ва дигарон ошно буданд.Осори аксари онҳо ба шакли катобҳои ҷудогона ё маҷмуаҳои дастаҷамъӣ амсоли «Пайванд», «Амвоҷи Корун», «Ҳикояҳои нависандагони Эрон»(дар ду ҷилд) ба табъ рисиданд. Дар Эрон низ осори як зумра адибони тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Убайд Раҷаб, Мавҷуда Ҳакимова, Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ,Гулрухсор, Бозор Собир,Сотим Улуғзода, Муҳаммадзамон Солеҳ ва дигарон ба табъ расиданд, ки муҳимтарини онҳо «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ буд, ки онро донишманди эронӣ Саиди Сирҷонӣ бо луғату тавзеҳоти муфассал омода ва нашр намуд.
Инқилоби исломии Эрон ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон марҳилаи тозаеро дар робитаҳои адабиву фарҳангии ду халқи ҳамзабон боз намуд. Таъсиси сафоратхона ва ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ва сафоратхонаи Тҷикистон дар Эрон ба рушду густариши ин равобит мусоидат намуданд. Ба хусус ташкили чопхонаи «Пайванд» ва фурўшгоҳҳои китоби «Алҳудо»-ву «Сурўш» дар Душанбе ошноии хонандагони тоҷикро бо адабиёту фарҳанги Эрон бештар намуд. Дар ин давра осори адибони зиёди эронӣ дастраси хонандагони тоҷик гардиданд.Хонандагони тоҷик имкон пайдо карданд,ки на танҳо бо осори адибони Эрон аз тариқи баргардон ошно шаванд, балки онҳоро дар асл бихонанд.

пешина
аз 625
навбатӣ