Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рў таҳқиқи фарҳангшиносии ин шоҳасар аз вазифаҳои муҳими шоҳномашиносони тоҷик аст. Яъне «Шоҳнома» бояд ҳамчун ойинаи таъриху тамаддун, одобу русум, дину оин, урфу одат, пешаву ҳунар, сиёсату давлатдорӣ ва амсоли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирад.
Таҳқиқи муҳит ва масъалаҳои ҷуғрофии «Шоҳнома» низ метавонад гиреҳҳои зиёдеро боз намояд.
Робитаи Фирдавсӣ бо шуубия ва ҷараёнҳои дигари замон ҳанўз мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.
Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун ҳаким маъруф аст ва «Шоҳнома» низ далолат ба он мекунад, ки ў аз илмҳои замони худ ба хубӣ баҳравар будааст. Бинобар ин муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла таърихшиносону файласуфон, забоншиносону фарҳангшиносон, равоншиносону ҳунаршиносон, табибону мунаҷҷимон, набототшиносону ҷонваршиносон ва амсоли онҳо бояд ба мутолиаву баррасии ин шоҳасар машғул шаванд. Барои мисол донишманди маъруфи соҳаи тиб профессор Абдурауф Қаҳҳоров дар мақолааш ба субут расондааст, ки Фирдавсӣ ҳатто аз нозукиҳои илми ҷарроҳӣ огоҳ буда, ба тариқи ҷарроҳӣ аз батни модар берун овардани Рустамро ба таври дақиқ тасвир кардааст.
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ зоҳиран чун ҳамосаву ривоят ба назар мерасад, ки дарки он душвор нест. Вале тавре ки худи Фирдавсӣ таъкид кардааст, асари ў танҳо аз ривоят иборат набуда, дорои рамзҳои зиёдест, ки дарки онҳо тааммуқи бештар мехоҳад:
Аз ин номвар номаи шаҳриёр
Бимонам ба гетӣ яке ёдгор.
Ту инро дурўғу фасона мадон, Ба яксон равишни замона мадон.
Аз ў ҳар чи андар хўрад бо хирад, Дигар бар раҳи рамз маънӣ барад.
Барои мисол метавон ба рамзҳои Эрону Турон, Рустаму Сўҳроб, Сиёвушу Судоба ва дигар симоҳои барҷаста, кушта шудани Сўҳроб бо дасти Рустам ва амсоли инҳо ишора кард, ки ба таври мухталиф шарҳу тавзеҳ дода мешаванд.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ганҷинаи пурбаҳои забони форсии дарист. Тавре ки зикр шуд, устод Айнӣ хеле наздик будани забони «Шоҳнома»-ро бо забони мардуми тоҷик таъкид карда буд.
Забоншиносони моро зарур аст, ки забони ин шоҳасарро дар робита бо забони адабии тоҷик ва лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва вожаҳои ноберо, ки дар «Шоҳнома» фаровон аст, дарёфт ва пешниҳод намоянд. Ҳамчунин кори таҳияи фарҳанги муфассали «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки солҳои ҳафтодуми асри ХХ бо сарварии узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон профессор Муҳаммаднурӣ Усмонов дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ шурўъ шуда буд, бояд идома дода шавад ва бо истифода аз роёна равишҳои навини фарҳангнигорӣ ба кор гирифта шаванд.

пешина
аз 625
навбатӣ