Равзанаи адаб

Дар захираи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ривояту афсонаҳои зиёде мавҷуданд, ки ба «Шоҳнома» ва шахсияти Фирдавсӣ марбутанд. Таҳқиқи амиқ ва нашри пурраи онҳо иқдоми муҳиме дар шоҳномашиносӣ хоҳад буд. Зеро тавре ки академик В.В.Бартолд ишора карда буд, ривоёти асотирии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар ба муҳити қисмати шарқии Эрон робита дорад.
Шоҳномашиносони тоҷик метавонанд дар баррасии тарҷумаву таҳқиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар Россия, кишварҳои Шўравии собиқ ва Аврупо корҳои зиёду судмандро анҷом диҳанд.
Дар бораи сохтор, мавзўъҳо ва муҳтавои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ асарҳои зиёд таълиф шудаанд. Вале имрўз барои ҷомеаи мо таҳқиқи амиқ ва тарғиби андешаҳои ватандўстӣ ва ваҳдати миллӣ, ки дар саросари «Шоҳнома» бозтоб ёфтааст, хеле муҳим мебошад.
Барои иҷрои ин корҳо ва ҳамоҳангсозӣ дар ин замина таъсиси як марказ ё бунёди шоҳномашиносӣ дар Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Пайнавишт
1 Садриддин Айнӣ. Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў.
Куллиёт, ҷилди 11. Китоби якум, Душанбе, 1963, саҳ. 44.
1992, саҳ. 55.
134. (ба забони русӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор