Равзанаи адаб

Худи ҳамон сол мақолаи «Фирдавсӣ»-и Абдурауфи Фитрат низ дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» нашр мешавад, ки дар он ҳарчанд бузургии шоир таъкид гардидааст, вале моҳияти «Шоҳнома» дуруст арзёбӣ нашудааст. Ў навиштааст: « Фирдавсӣ ягона шоири форсизабонон аст ва яке аз беҳтарин шоирони дунё аст, лекин фақат дар соҳаи ҷангноманависӣ». Дар солҳои баъд дар Тоҷикисмтон роҷеъ ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи ў асарҳои зиёде ба табъ расиданд, ки баррасии ҳамаи онҳо дар як мақола имконпазир нест. Аз ин рў ҳоло танҳо ба муҳимтарин асарҳое, ки ба «Шоҳнома» ихтисос дода шудаанд, ишора хоҳад шуд..
Зимнан бояд тазаккур дод, ки дар матбуоти тоҷик баъзе мақолаҳое низ ба табъ расиданд, ки дар онҳо Фирдавсӣ чун шоири «шовинисти ифротӣ» ва миллатгаро қаламдод шудааст.
Муҳимтарин асаре, ки дар солҳои ҳафтодуми қарни ХХ ба вуҷуд омад, китоби файласуфи маъруфи тоҷик Мўсо Раҷабов «Фирдавсӣ ва замони муосир» буд ки ба забони русӣ нашр гардид. Дар ин асар андешаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафиву ахлоқии шоир ба таври воқеӣ баррасӣ шуда, дар замоне ки муҳаққиқони тоҷик аз шоирони классик бештар андешаҳои зиддидиниро меҷустанд, қотеона изҳор карда буд, ки «ҳама гуна кўшишҳои ба Фирдавсӣ мансуб донистани ғояҳои атеистӣ ва ҳато деистиро бояд беасос ва таҳрифи воқеият донист.» Шоҳномашиносӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 90 -–уми асри ХХ, ба хусус баъди солҳои 1989 -–1994-ро панҷсолаи бузургдошти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эълон кардани созмони илмиву фарҳангии ЮНЕСКО ривоҷу тавсиа пайдо кард. Дар бораи арзишҳои ахлоқиву фарҳангии «Шоҳнома» ва махсусан, забони он асарҳои ҷолиб ба вуҷуд омаданд. Чашмандози Шоҳномашиносони тоҷик васеъ гардида, масъалаҳои гуногунро фаро мегирад. Вале дар ин замина масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёданд.
Имрўз дар замони ҷаҳонишавӣ «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба ҳазорсолаи дуюм қадам мениҳад ва ниёз ба таҳқиқу тарғиби амиқтару бештар дорад, то ки мақоми ин шоҳасар дар тамаддуни олам ва тарбияи маънавии мардум равшан гардад.
Шоҳномашиносии тоҷикро зарур аст, ки ҳамқадами замон бошанд ва ба баррасии масъалаҳои муҳим даст занад.
Қабл аз ҳама бояд зикр кард, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ танҳо шоҳкори адабӣ ва ҳамосаи бузурги миллӣ набуда, онро метавон қомус ё донишномаи фарҳанги Эрони бостон ба мафҳуми васеъаш донист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор