Равзанаи адаб

Шоҳномашиносӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он
«Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ дар тўли ҳазор сол таваҷҷўҳи хонандагону муҳаққиқони зиёди оламро ҷалб намуда, дар бораи он садҳо ҷилд китоб ба забонҳои гуногун таълиф шудаанд. Вале ҳанўз моҳияту арзиши ин шоҳасар ҳарҷониба муайян нашудааст ва ба қавли устод Садриддини Айнӣ касе ин асарро мисли худи Фирдавсӣ тавсиф накардааст :
Пай афкандам аз назм кохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд.
Ё
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам, Ки тухми суханро парокандаам.
Ин шоҳасар аз замони таълиф дучори қадрношиносиҳо ҳам шудааст, ки он то имрўз идома дорад. Аз ин ҷост, ки дар чанде аз сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва осори баъзе мҳаққиқон ба он баҳои сазовор дода нашудааст. Бесабаб нест, ки нашру таҳқиқи илмии асар низ маҳз дар Аврупо дар асри ХУ111 шурўъ шуда, аз ҷумла донишмандони олмониву фаронсавӣ Мокону Жул Мул, Вуллерсу Рюккерт ва амсоли онҳо солҳои зиёди умри худро ба таҳияи матну тарҷумаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бахшидаанд.
Асари Теодор Нёлдеке «Ҳамосаи миллии Эрон» то имрўз арзиши илмиашро гум накардааст. Таҳқиқи илмии ин шоҳасар дар Эрон аз охири асри Х1Х ва дар Тоҷикистон аз солҳои 30 асри ХХ оғоз ёфтааст.
Қадами аввалро дар ин замина ҳам дар Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ гузоштааст. Соли 1934 ба муносибати 1000 - солагии Фирдавсӣ рисолаи устод Айнӣ «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў» ба табъ расид, ки бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик рўзгори шоир ва «Шоҳнома»-и безаволи ўро мавриди баррасӣ қарор дод. Ин рисола дорои чанд нуктаи муҳим ё кашфи илмӣ мебошад. Аз ҷумла устод Айнӣ бори аввал ба давраи Сомониён мансуб будани Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ўро таъкид намуд. Зеро то он вақт аз Муҳаммад Авфӣ то Этеву Шиблии Нўъмонӣ Фирдавсиро шоири аҳди Ғазнавиён мешумориданд.
Нуктаи дигар он аст, ки устод Айнӣ бо далелҳои зиёд нишон дод, ки «Забони «Шоҳнома»…на ин ки сар то пои он ба оммаи тоҷикон фаҳмост, балки бештарини онҳо имрўз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд: ҳатто дар «Шоҳнома» он гуна луғатҳои форсӣ ва бо он гуна талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрўз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд. Аммо Фирдавсӣ кор фармудааст ва тоҷикон ҳам бо вай гап мезананд.» Барои мисол калимаҳои зиёде аз қабили набера, ангишт, гурунҷ, яла, гала, мондагӣ, фартут, охур, бодиринг, ҷар, ҷувол, курта, мондан, лунҷ оварда шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор