Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Натиҷаҳои ба даст овардаи Н.Маъсумӣ симои Ҳофизро чун шоири башардўст дуруст ва воқеӣ пеши назар меорад: «Чунон ки дидем, Ҳофиз ҳамчун устоди назм яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин адибони мутафаккири инсонпарвари адабиёти классикии форсу тоҷик мебошад. Баёни он ҳама шўридахотирӣ ва эътирозҳои иҷтимоӣ, талқини ҳаёту баҳри умри одамӣ ва радди мавҳумотфурўшии ҷоҳилона, тарғиби дўстию рафоқат ва тараннуми диловези ишқу зебоӣ, ки дар эҷодиёти ў дида мешавад, маҳз зуҳуроти гуманизми ҳаётбахши ўст».
Адабиёти асрҳои XVI-XIX тоҷик ҳарчанд аз давраҳои муҳими таърихи адабиёт аст, вале то солҳои 40 асри ХХ таваҷҷўҳи донишмандонро ба худ ҷалб накарда буд ва махсусан дар шарқшиносии Аврупо ин давра комилан нодида гирифта мешуд.
Пас аз кўшишу талошҳои пайгиронаи академик А.Мирзоев тасаввурот оид ба адабиёти давраи мазкур тадриҷан тағйир ёфт.
Махсусан баъди ба нашр расидани монографияи барҷастаи ў «Биноӣ» дар соли 1957 таваҷҷўҳ ба адабиёти ин давра зиёд шуд.
Устод Н.Маъсумӣ, ки он солҳо дар Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе ба тадрис машғул буд, дар таълими адабиёти асрҳои XVII-XIX душвории зиёд эҳсос мекард. Бинобар ин таҳқиқи давраи мазкурро идома дод ва китоби «Адабиёти тоҷик дар асри XVII ва нимаи аввали асри XIX”-ро аввали солҳои 60 ба вуҷуд овард.
Дар ин китоб Н.Маъсумӣ таваҷҷўҳро ба даврае ҷалб намуд, ки тақрибан омўхта нашуда буд ва танҳо номи чанд адиби намоён ба аҳли илму адаб маълум буд. Муҳаққиқи ҷўянда дар асоси маводи сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва ба хусус девону маҷмўаҳои осори шоирони давр, ки нусхаҳои хаттии онҳо дар китобхонаҳои Петербург, Тошканд, Душанбе маҳфузанд, ҳаёти адабии он давраро ба таҳқиқ гирифта манзараи умумӣ ва хусусиятҳои хоси онро муайян намуд. Муаллифи китоб ба субут расонд, ки дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX адабиёти тоҷик асосан дар Бухоро, Қуқанд ва Хева ҷараён доштааст. Ў бо дақиқкорӣ хусусиятҳои хоси ҳар яке аз ин доираҳои адабиро нишон дода, намояндагони ҷудогонаи онҳоро муаррифӣ намуд.

пешина
аз 625
навбатӣ