Равзанаи адаб

Чашмандози адабиётшиносии ў хеле васеъ буда, давраҳо ва масъалаҳои гуногуни адабиёти классикиву муосири тоҷикро дар бар мегирад.
Адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамеша дар мадди назари устод Н.Маъсумӣ будааст. Тавре ки маълум аст, Ҳофизи Шерозӣ аз маъруфтарин шоирони форсизабон аст, ки дар Тоҷикистон низ шўҳрати зиёд дорад. Ҳарчанд Ҳофиз аз писандидатарин шоирони мардуми тоҷик буда, дар мактабҳо омўхта мешавад, вале, мутаассифона, то имрўз дар адабиётшиносии мо хеле кам тадқиқ шудааст.
Дар чанд мақолаи донишмандони тоҷик А.Мирзоев, Х.Мирзозода, А.Афсаҳзод, А.Абдуллоев, К.Айнӣ ва дигарон дар бораи ин шоири бузург андешаҳои гуногун баён гардида, бар асари мафкураи ҳукмрон ба осори ў баъзан баҳои нодуруст ҳам дода шудааст.
Яке аз донишмандоне, ки дар арзёбии ашъори Ҳофиз ва андешаву ақоиди ў ба ифроту тафрит роҳ надода, баҳои воқеӣ додааст, устод Н.Маъсумӣ аст. Ў дар мақолаҳои худ «Ғазалсарои номии Шарқ» ва «Ганҷинаи фикру ҳис» аз шўҳрати ҷаҳонии Ҳофиз ёд карда, сабаби асосии «дар дили халқи тоҷик маъво гирифтани Ҳофизи Шерозиро пеш аз ҳама дар маънию мазмунҳои баланди ҳаётӣ ва фалсафии шеърҳояш» медонад.
Дар таҳлили ашъори шоир Н.Маъсумӣ саъй намудааст, ки муҳимтарин хусусиятҳои осори суханвари бузургро нишон диҳад. Ў бар хилофи донишмандоне, ки дар ҳамон солҳо аз Ҳофиз як шоири атеист сохта, андешаҳои ўро зиддидинӣ тавзеҳ медоданд, бо қатъият таъкид мекунад: «Ҳофиз шахси бедин набуд. Дар ғазалу шеърҳои ў ҷо-ҷо ишораҳо ва мазмунҳои динӣ-тасаввуфӣ кам нестанд».
Муаллиф дар мақолаҳо андешаҳои иҷтимоӣ, шикояту эътирозҳои шоирро бо мисолҳо нишон дода, ба арзишҳои баланди башардўстии онҳо ишора менамояд.
Дар охири мақолаи «Ғазалсарои номии Шарқ»
Н.Маъсумӣ аз таърихи нашр ва омўзиши ашъори Ҳофиз ёд намуда, хидмати донишмандони Эронро дар чопу баррасии девони шоир таъкид месозад ва корҳои дар ин замина анҷомдодаи муҳаққиқони тоҷику русро ҳам ёдовар мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор