Равзанаи адаб

Дар асар бори аввал аҳволу осори як зумра адибони ин давра амсоли Ҳозиқ, Ҳусайни Дониш, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Гулханӣ, Махмур, Маъдан мавриди баррасии нисбатан муфассал қарор гирифта, ба осори онҳо баҳои воқеӣ дода шуд. Асари мазкур дар таҳқиқи адабиёти асрҳои XVI-XIX тоҷик як марҳилаи тоза ва иқдоми ҷиддӣ буд. Арзиши ин асар боз дар он аст, ки роҳро барои омўзиши адабиёти давраи мазкур боз намуда, барои ба вуҷуд омадани асарҳои монографии Р.Ҳодизода, Х.Мирзозода, Т.Неъматзода, У.Каримов, С.Амирқулов дар солҳои 70-80 замима гузошт.
Нақибхон Туғрал аз он шоирони тавоноест, ки сарнавишти талх насибашон гаштааст. Ў на танҳо беасос ва ноҷавонмардона ба қатл расид, балки то солҳои 60-асри ХХ ному осори ў низ аз назарҳо дур монда буд. Аввалин донишманде, ки пас аз устод С.Айнӣ ба аҳволу осори Туғрал таваҷҷўҳ зоҳир намуда пардаи сиёҳи бадномиро аз рўи ў ва осораш бардошт, Н.Маъсумӣ буд. Ў барои барқарор намудани ҳақиқати таърих хеле талошу кўшишҳои зиёд намуда, осори шоирро ба чоп расонд ва хотираҳои ҳамсафону наздикони ўро ҷамъ оварда, тарҷумаи ҳолашро барқарор кард. Сипас ў ба таҳлилу баррасии осори шоир пардохта, мазмуну мундариҷа, сабку услуби онро баррасӣ намуд ва ҳусну қубҳашро нишон дод.
Н.Маъсумӣ пеш аз ҳама ба муҳити адабии Туғрал, ки ба охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ рост меояд, назар намуда, ихтилофҳои он замон ва инкишофи равияи бедилиро дар Осиёи Миёна ёдовар мешавад, ки барои дарки осори шоир мадад мерасонанд. Дар мақола мазмуну мундариҷа, образҳои асосӣ, хусусиятҳои услубии осори Туғрал мавриди баҳси муфассал қарор гирифтааст. Махсусан, робитаи адабии Туғрал ва Бедил ҳарҷониба таҳлилу баррасӣ шудааст. Дар мақолаи мазкур моҳияти эҷодиёти Туғрал ба қавли худи муаллиф «бо ҳамаи зиддияту маҳдудиятҳо ва бо ҳамаи ҳусну қубҳи назми шўрангези вай» ба қалам дода шудааст. Ин мақола ҳарчанд ба ҳайси сарсухан ба маҷмуаи шеърҳои Туғрал навишта шуда буд, вале ҳам аз лиҳози мазмуну муҳтаво, фарогирии маводу таҳлилу баррасӣ ва ҳам ҳаҷм ҳукми як рисоларо дошт ва то имрўз беҳтарин тадқиқот роҷеъ ба Туғрал мебошад.
Осори Туғрал низ ҳарчанд пас аз он борҳо ба ҳуруфи кириливу форсӣ чоп шуд, вале баррасии матну муқоясаи онҳо нишон медиҳад, ки матни омодакардаи устод Н.Маъсумӣ низ ҳоло беҳтарин ва босифаттарин аст.
Н.Маъсумӣ ба осори устод С.Айнӣ таваҷҷўҳу дилбастагии зиёд дошт. Махсусан, повести «Марги судхўр» диққати ўро бештар ҷалб мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор