Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шуд он замона, ки рўяш ба сони дебо буд,
Шуд он замона, ки мўяш ба сони қатрон буд…
Шуд он замона, ки ў шод буду хуррам буд,
Нишоти ў ба фузун буду бими нуқсон буд…
Шуд он замона, ки ў унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ў пешкори мирон буд.

Такрори зиёди вожаҳои «буд» ва «шуд» дар байтҳои боло на танҳо ҳусни шеърро накостааст, балки таъсири ҳиссиву равонии онро бештар намудааст. Беваҷҳ нест, ки дар 34 байт 54 маротиба калимаи «буд» такрор ёфтааст. Ба ин масъала Мазоҳир Мусаффо низ таваҷҷўҳ намуда, дуруст фармудааст: «дар ҳамин қасида сарфи назар аз радиф 20 бор феъли «буд» такрор шуда ва ҳар як гузаштае аз зиндагии ўро баён кардааст, бе он ки кўчактарин садамае ба равониву зебоӣ ва лутфи баёни гўянда ва ҳайъати шеъри ў бирасад». Такрор низ дар қасида пайваста бо тазоду муқобала маҳз барои таъйиду таъкиди андешаҳои фалсафии шоир ба кор рафтааст.
Р. Мусулмонқулов дар мақолаи «Радифи як шоҳасар»
қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дода, онро аз лиҳози сохтор таҳқиқ мекунад ва тағйири радифро аз «буд» ба «шуд» дар мақтаъи қасида ба субут расонданӣ мешавад.
Ў назари адабиётшиносони гузаштаву имрўзаро дар бораи радиф нақл намуда, баъзан тағйир ёфтани радифро дар шеър таъкид намудааст: « Хулоса, мувофиқи ақидаи суханшиносони асримиёнагӣ дар шеъри якрадифа то охир нигоҳ доштани як радиф воҷиб будааст, вале аз рўи зарурат шоир метавонистааст онро тағйир диҳад ва аз он даст ҳам кашад. Аммо чунин рафтор ба шарте равост: шоир бояд хонандаро аз тағйирот огоҳ кунад».
Вале дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ин ҳолат ба назар намерасад ва инро муҳақиқ «ҳусни шеър» медонад.
Мутаасифона, муҳаққиқ ба масъалаи матншиносии қасида таваҷҷўҳ накардааст. Тавре ки А.Сатторзода ишора кардааст, «ҳоло зиёда аз шаш нашр ва ва ё шонздаҳ варианти гуногуни қасидаи «Шикоят аз пирӣ»… вуҷуд дорад». Дар ҳеч яке аз онҳо радифи «шуд» ба назар намерасад. Аз ин рў алҳол то пайдо шудани матни ба асл наздики қасида нигоҳ доштани радифи «буд»
дар мақтаъи қасида лозим аст. Зеро «буд» дар ин маврид метавонад маънии «бувад»-ро низ ифода намояд, ки созгори маънии байт аст.
Ба ин тартиб устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ бо ин шеъри худ навъи тозаи қасидаи фалсафиро ба вуҷуд овард, ки минбаъд дар осори Кисоии Марвазӣ, Носири Хусрав ва шоирони дигар рушду тавсиа пайдо кард.

пешина
аз 625
навбатӣ