Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ин ҷанбаи ашъори шоир чанде аз муҳаққиқон ишораҳо кардаанд. Аз ҷумла Ҷаъфари Шиор ва Ҳасани Анварӣ навиштааанд: Рўдакӣ «беш аз он ки андешаи тааббудӣ ва динӣ дошта бошад, андешаи фалсафӣ ва озод дорад». М.Л.Рейснер зимни баррасии қасоиди Носири Хусрав ўро ислоҳгари қасида ва воридкунандаи оҳангҳои сиёсӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, насиҳатӣ, ҳикамиву фалсафӣ дар ин навъи шеър дониста, ба чунин натиҷа расидааст: «Минбаъд маҳз омили пайдоиши равияҳои ахлоқиву фалсафӣ ва зўҳдиёту тамсилӣ дар қасидаҳои шоири мубаллиғ Носири Хусрав барои тавсиаи доираи мавзўоти ин шакли шеър дар осори шоирони ҷарни Х11 чун Саноӣ, Хоқонӣ, Аттор ва дигарон роҳро боз намуд». Аббоспур низ дар зимни шарҳи анвоъи қасида навиштааст: «Қасоиди ҳикамӣ ва фалсафӣ, ки асоси онҳо ба андеша устувор аст. Носири Хусрав соҳиби барҷастатарин қасоиди ҳикамӣ ва фалсафӣ дар шеъри форсӣ аст». Дуруст аст, ки Носири Хусрав бо қасоиди фалсафиву ҳикамии худ ба ашъори шоирони мазкур таъсир расондааст, вале барҳақ бояд Рўдакиро бунёдгузори ин навъи қасида донист, ки инро на танҳо «Шикоят аз пирӣ», балки пораҳои зиёди ашъори мутафарриқаи ў низ ба субут мерасонанд. Аз ҷумла дар осори боқимондаи Рўдакӣ шеърпораи дигаре ҳаст, ки ба эҳтимоли қавӣ он ҳам дар поёни умри ў офарида шудааст ва бо қасидаи мазкур ҳамоҳанг аст:

Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,
Чунон ки ҷоҳи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нагўйӣ, к-аз чӣ шудаст шодӣ сўг?

Шояд дар ҳамин қасида шоир сабаби ба ин ҳол гирифтор шуданашро ба қалам дода бошад, вале он шеър нотамом аст.
Дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» аксари тасвиру таъбирҳо, вожаву ибораҳо ва дигар василаҳои баён бори маънии фалсафиро мекашанд. Ҳатто радифи шеър «буд» мафҳуми васеъ пайдо карда, ишора ба гузаштани умри бебозгашт ва тағйиру табдили ҳаёту ҳастӣ мекунад. Ин радиф барои эҳёи хотираи шоир мусоидат намуда, давраи пурнишоти ҷавонӣ, рўзгори хушу хуррам, даврони шукўҳу бузургии умри ўро ба ёд меорад. Аз ин ҷост, ки шоир ҳар гоҳ мехоҳад он лаҳзаҳои хуши умрро таъкид кунад, ба такрори он вожа ва муродифаш «шуд» мепардозад:

пешина
аз 625
навбатӣ