Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале бо вуҷуди он ки чунин унсурҳои тарҷумаиҳолӣ дар қасида зиёданд, онро наметавон комилан қасидаи ҳасбиҳолӣ номид. Зеро тавре ки зикр шуд, ҳадафи аслии шоир дар қасида баёни андешаҳои фалсафист ва ишораҳои саргузаштӣ барои тақвияти он андешаҳост.
Қасидаи «Шикоят аз пирӣ», ба назари мо маънии ниҳонии иҷтимоиву сиёсӣ ҳам дорад, ки шоир аз баёни ошкорои он худдорӣ намудааст ва инро аз баъзе ишораҳои ў метавон пай бурд.
Мусаллам аст, ки қасидаи мазкурро шоир дар поёни умр сурудааст. Ин на танҳо замони пириву заифии ҷисмониву рўҳии шоир аст, балки даврони шурўъи касоду таназзули давлати Сомониён ҳам ҳаст. Дарвоқеъ пешрафту камолоти шахсӣ ва эҷодии Рўдакӣ ба замони рушди давлати Сомониён рост меояд, ки худи шоир ҳам ба он ишора кардааст:

Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ, Варо бузургиву неъмат зи оли Сомон буд. Тавре ки маълум аст, пас аз вафоти Наср ибни Аҳмад, ки мамдўҳ ва пуштибони асосии шоир буд, давлати Сомониён рў ба таназзул ниҳод. Дар ин бора Б. Ғафуров дар мақолаи ҷудогонае изҳори назар намуда, омилҳо ва сабабҳои онро нишон додааст. Ин таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳаёти шоире, ки умри худро сарфи хидмати самимиву содиқона ва тарғиби он кардааст ва маҳз ҳамин давлат барои пешрафти ў заминаи мусоид муҳайё намудааст, таъсири амиқ расондааст. Шоир аз тафсири ин вазъи ногувори сиёсиву иҷтимоӣ худдорӣ карда, танҳо ба таъкиди дигар шудани замона иктифо намудааст:

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.
М. Рейснер зимни таҳлили «Шикоят аз пирӣ» он қисмати
қасидаро, ки ба ёди даврони ҷавонии шоир ихтисос дода шудааст,
унсури фахрия дониста, онро ба таъсири суннати ашъори ғиноии
араб, ки «умария» номида мешавад, вобаста менамояд.
Мусаллам аст, ки Рудакӣ аз адабиёти араб огоҳии хуб дошт ва
зикри номи шоирони араб чун Ҳассону Ҷарир, Тоиву Саҳбон ва
амсоли онҳо дар ашъори ў бар ин гувоҳ аст. Вале шеъри мазкурро
пайравӣ ба қасидаи арабӣ донистан дуруст нест. Зеро Рўдакӣ саъй
намудааст, ки шеъри худро дар пояи суннатҳои фарҳангии миллӣ
иншо намояд. Ў ҳатто аз истифодаи зиёди калимаву ибраҳои арабӣ
худдорӣ кардааст. Масалан, дар матлаъ аз 15 вожа танҳо ду вожа
ва дар байти дувум танҳо як вожаи арабӣ ба кор рафтааст. Умуман наметавон ба андешаи М.Рейснер розӣ шуд, ки ў решаи қасидаи форсиро комилан арабӣ медонад ва аз ҳамин дидгоҳ ба «Шикоят аз пирӣ» менигарад.

пешина
аз 625
навбатӣ