Равзанаи адаб

Ў зиндагии инсонро ҳам мисли табиат бидуни тазодҳо, тағйиру табдили ҳамешагӣ тасаввур намекунад.
Шоир тазоди некиву бадӣ, наву кўҳна, ободиву харобӣ, шодиву ғам, дарду дармонро зарурати зиндагиву ҳастӣ медонад. Ў ин воқеияти зиндагиву оламро на танҳо дарк ва эътироф менамояд, балки зарур мешуморад. Аз ин ҷост, ки ў аз гузашти умр шикоят намекунад, касе ё чизеро гунаҳгор намешуморад. Дар қасида ҳарчанд аз даврони пирӣ, ки хазони умр аст, сухан меравад, вале на оҳанги яъсу навмедӣ, балки шодиву нишот бештар ба гўш мерасад. Бинобар ин наметавон ба андешаи он муҳаққиқон, ки ин қасидаро марсия ва шеъри шиквоӣ номидаанд, розӣ шуд. Байти охир, яъне мақтаъи қасида на ба фоҷиа, балки ба идомаи зиндагӣ ва оғози давраи нави умри инсон ишора менамояд.
Аз нигоҳи Рўдакӣ инсон низ як ҷузъи табиат аст ва он ҳама тағйирот дар ҳастиву рўзгори ў низ сурат мегирад:
Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрўи мушкинмўй, Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд. Ҳамин ду пораи қасида, ки ҷавҳари шеърро бозгў менамоянд, далели шеъри фалсафӣ будани он аст. Дар матлаъу мақтаъи шеър шоир вазъи худро дар пирӣ ба таври мушаххас бо тасвири рехтани дандонҳо ва гирифтани асову анбон ба қалам додааст, ки ин ҳам баёнгари фалсафаи зиндагист. Зеро шоир ба ин васила ногузир будани тағйиру табдили ҳаёти инсонро таъкид кардааст. Вале аксари муҳаққиқон ба маънии фалсафии он пораҳо эътибор надода, шеъри мазкурро қасидаи ҳасбиҳолӣ номидаанд.
Албатта, дар қасида лаҳзаҳои ҳасбиҳолӣ ҳастанд, вале онҳо на барои баёни саргузашти шоир, балки ҷиҳати ибрози андешаҳои фалсафӣ зикр шудаанд. Барои тақвияти ҷанбаи ҳасбиҳолии қасида як мушоҳидаи дигари худро баён мекунем, ки барои шинохти шахсияти шоир хеле муҳим аст. Донишманди маъруф Аҳрор Мухторов зимни ҷустуҷўйҳои илмӣ дар Музейи нусхаҳои хаттии Солорҷанги Ҳиндустон ба нусхаи хаттие дучор меояд, ки дар он 302 мисраъ аз ашъори Рўдакӣ, аз ҷумла қасидаи «Шикоят аз пирӣ»
ҳам мавҷуд будааст. Мисраъи панҷум дар он матн аз матнҳои дигар тафовут дошта, ба ҷои «з-он, ҳама» ибораи «паи ҳам» сабт шудааст:
Яке намонд кунун паи ҳам бисуду бирехт
Чӣ наҳс буд? Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд.
Тафовути мазкур ба баҳси тўлоние, ки миёни донишмандон
М.М. Герасимов ва А. Тоҳирҷонов дар бораи тарзи рехтани
дандонҳои шоир вуҷуд дошт, хотима медиҳад ва дурустии
андешаро дар бораи он ки дандонҳои шоир бар асари пирӣ на дар як вақт, балки паи ҳам ба таври твбиӣ рехтаанд, ба субут мерасонад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё