Равзанаи адаб

Муҳимтарин нуктаи дигаре, ки аз фаъолияти илмии Муҳаммади Хоразмӣ бармеояд, ин ба ҳаёт наздик кардани илм ва татбиқи дастовардҳои илм дар зиндагӣ барои ҳалли мушкилоти гуногуни одамон аст. Ин хусусияти фаъолияти донишмандро, ки аз назари гуманистии ў сар мезанад, дар тамоми асарҳояш мушоҳида кардан мумкин аст.
Асари маъруфи Муҳаммад Хоразмӣ «Ҳисоб-ул-Ҳинд» аз ҷумлаи аввалин рисолаҳоест, ки ба ҳисоби амалӣ бахшида шуда, ба инкишофи минбаъдаи математика такон додааст. Бо ин рисолаи худ Хоразмӣ системаи ҳисоби даҳиро, ки нисбатан хеле содда буда дар Ҳинд ба вуҷуд омада буд, аввал дар Шарқ ва сониян дар кишварҳои Европа ҷорӣ ва паҳн намуд, ки то имрўз дар муомилоти халқҳои гуногуни олам маъмул аст. К. Маркс ҳам дар зимни конспектҳои математикии худ бо моҳияти системаи шумури даҳӣ ишора намуда, онро яке аз «кашфиётҳои зеботарин»
мешуморад. Рисолаи дигари Муҳаммад Хоразмӣ «Ал-ҷабр валмуқобала…» бошад ном ва мақоми баланди ин донишманди барҷастаро дар таърихи математика ҷовидон гардонидааст. Рисола барои ташаккул ва такомули алгебра ҳамчун илми мустақил асос гузоштааст. Беҳуда нест, ки худи мафҳуми «алгебра» ҳам аз шакли лотинишудаи қисмати аввали унвони рисола – «алҷабр» ба вуҷуд омадааст. Дар ин рисола ҳам баробари баёни масъалаҳои назариявӣ ба масъалаи татбиқи амаливу ҳаётии усулҳои математикӣ диққати ҷиддӣ дода шудааст. Муҳаммад Хоразмӣ мафҳуми абстраксияро дар математика васеъ намуда, бо роҳи индуксия ва дедуксия ҳал кардани масъалаҳоро ба таври возеҳ нишон додааст. Хоразмӣ дар ташаккул ва такомули математика ҳамчун илм саҳми бузург гузоштааст. Беҳуда нест, ки рисолаҳои математикии ў ба забонҳои гуногуни олам тарҷума шуда, ҳамчун дастур хизмат мекарданд. Номи ў дар шакли лотинишудааш «алгоритм» ба истилоҳи махсуси математикӣ табдил ёфтааст.
Алгоритм ҳоло на танҳо аз мафҳумҳои асосии математикист, балки назарияи муҳимми соҳаҳои нави илм – кибернетика ва мантиқи математикӣ низ ба шумор рафта, дар асоси амали мошинҳои электроникиву автоматӣ қарор гирифтааст. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки Хоразмӣ вазифаи асосии илми ҳисобро пеш аз ҳама аз қонеъ кардани эҳтиёҷу ниёзҳои мардум, осон ва ҳал намудани мушкилоти зиндагӣ иборат медонад. Ў дар муқаддимаи рисолаи «Ҷабр ва муқобала» вазифаи худро равшан намуда, аҳамияти амалии рисолаашро таъкид мекунад: «Барои равшан сохтани масоили мубҳам ва осон намудани мушкилоти илмӣ ба по хостам ва китобе дар таърифи ҳисоби ҷабру муқобала таълиф намудам. Китобе, ки дар айни ихтисор шомили матолиби дақиқ ва боаҳамияти илми ҳисоб, ки мавриди ниёзи ҳамагон аст, буда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор