Равзанаи адаб

«Дар Хоразм, -навиштааст муҳаққиқи таърихи илм Г.П. Матвиевская, - ки анъанаҳои пешини маданияти баланди маънавӣ зинда буданд, илм хеле босуръат ба дараҷаи баланд мерасид. Ба ин пайдоиши олимони гениалии осиёимиёнагӣ Ал- Хоразмӣ (асри 9) ва сонитар Берунӣ (асри 11) далел шуда метавонад». Муҳаммад ибни Мўсои Хоразмӣ тақрибан дар солҳои 780 дар Хоразм ба дунё омада, дар ҳамон муҳити илмиву мадании зодгоҳи худ ба камол расидааст. Доир ба шарҳи ҳол ва ҷараёни рўзгори Хоразмӣ маълумоти кофие то замони мо нарасидааст. Бешубҳа ў дар ҷавонӣ ҳамаи илмҳои маълуми замони худ, махсусан, илмҳои табиатшиносиву дақиқро аз худ карда, ба донишмандӣ шўҳрат ёфтааст, ки дере нагузашта ба маркази хилофат – шаҳри Бағдод даъват шудааст. Дар Бағдод бо ташаббуси халифаи аббосӣ Маъмун (солҳои ҳукмрониаш 813-833) «Байт-ул-ҳикма» (хонаи ҳикмат) таъсис шуда буд, ки он дорои бузургтарин ва бойтарин китобхонаи он давра буда, донишмандони халқҳои гуногуни тобеи хилофатро фаро мегирифт. Дар ин муассисаи мўътабари илмӣ, ки муҳаққиқон онро барҳақ «Академияи илмҳои шарқи асримиёнагӣ»
шуморидаанд, ҳамроҳи Муҳаммад Хоразмӣ Аҳмад ибни Муҳаммади Фарғонӣ, Аҳмад ибни Абдуллои Марвазӣ, Холиди Марварудӣ, Аббоси Ҷавҳарӣ барин даҳҳо донишмандони номӣ кор мекарданд, ки аксари онҳо аз мардуми Осиёи Миёна буданд.
Фаъолияти кормандони «Байт-ул-ҳикма», ки бо расадхона ва асбобу дастгоҳҳои гуногуни илмӣ муҷаҳҳаз буд, бештар ба тадқиқи илмҳои табиатшиносиву амалӣ равона шуда буд.
Муҳаммад Хоразмӣ дар «Байт-ул-ҳикма» мақоми шоистае дошта, тамоми донишу ғайрати худро ба ривоҷу равнақи илм мебахшад. Ў ба бисёр ҷустуҷўву тадқиқоти дастҷамъии донишмандон сарварӣ карда, аз ҷумла дар кашфиёти муҳимми илмиву амалии давр – андозагирии дарозии як дараҷаи хатти тўли (меридиани) замин фаъолона иштирок менамояд. Вай барои пешрафти илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва кашфи асрори табиат кўшиши зиёд ба харҷ медиҳад, таҷрибаву мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ гузронида, ба кишварҳои гуногун сафарҳои илмӣ мекунад.
Фаъолияти илмиву эҷодии Муҳаммад Хоразмӣ хеле пурдомана буда, ў дар соҳаҳои гуногуни илм монанди ҳисоб, ҷуғрофия, нуҷуми назариву амалӣ тадқиқот бурда, асарҳои ниҳоят гаронқадре эҷод намудааст, ки чанде аз онҳо то имрўз боқӣ мондаанд. Дар ҳамаи асарҳои ин донишманди бузург кўшиши ўро дар роҳи ҷустуҷўи ҳақиқат, кашфи асрори табиат ва ба манфиати инсон ба кор бурдани он мушоҳида кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор