Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Донишманд ва инсонпарвари бузурги хоразмӣ

Муҳаммад ибни Мўсои Хоразмӣ аз бузургтарин донишмандони олам буда, номи ў дар таърихи илму тамаддуни башарӣ ҷовидона сабт гардидааст. Асарҳои пурарзиши ў чун ганҷи пурбаҳои хазинаи илм асрҳост, ки барои пешрафти илму фарҳанги ҷаҳон ва ҳалли мушкилоти оламиён хидмати босазое мекунанд.
Ба майдон омадани нобиғаҳои илму фарҳанге мисли Муҳаммад Хоразмиву ҳамватани дигари шўҳратмандаш Абўрайҳони Берунӣ ҳодисаи тасодуфӣ набуда, ба муҳити илмиву анъанаҳои фарҳангии Хоразми бостонӣ зич алоқаманд аст. Ҳамон тавре ки сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла «Осор-ул-боқия»-и Абўрайҳони Берунӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, Хоразм яке аз қадимтарин марказҳои мадании халқҳои эроннажод буда, фарзандони барўманди он дар бунёди кохи тамаддуни башарӣ саҳми арзандае гузоштаанд. Ин кишвари бостонӣ дар тўли таърих ба бисёр офату балоҳо мубтало шуда, борҳо дар натиҷаи ҳуҷумҳои ваҳшиёнаи истилогарони арабу муғулу турк харобу валангор гашта, аз нав қад афрохтааст.
Ҳамлаи истилогарони араб бо сардории Қутайба ибни Муслим дар асри 8 аз ҷумлаи ҳамин гуна офатҳои харобиовар буда, Хоразми ободу машҳурро ба харобазор табдил дод. Чунон ки Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад, истилогарон на танҳо шаҳру деҳоти Хоразмро хароб менамуданд, балки ба маҳву нобуд сохтани ёдгориҳои илму тамаддуни ин сарзамин кўшида, донишмандону адибонро қир мекарданд, соҳибони фарҳангу забони хоразмиро аз байн мебурданд: «Қутайба ибни Муслим, - менависад Берунӣ, - ҳар касеро, ки хатти хоразмӣ медонист, аз дами шамшер гузаронид ва онон, ки аз ахбори хоразмиён огоҳ буданд ва ин ахбору иттилоотро миёни худ тадрис мекарданд, эшонро низ ба дастаи пешин мулҳақ сохт (яъне ба қатл расонд – М.М.), бад-ин сабаб ахбори Хоразм тавре пўшида монд, ки пас аз ислом намешавад онҳоро донист…» Бо ин ҳама харобкорӣ истилогарон ҳарчанд ба маҳви забону хатти хоразмӣ ва бисёр ёдгориҳои мадании хоразмиён муваффақ шуданд, вале онҳо натавонистанд тамаддуни бостонии Хоразмро ба куллӣ аз байн баранд. Анъанаву суннатҳои ҷудогонаи маданияти бои гузашта ва унсурҳои забони хоразмӣ пас аз истилои арабҳо низ идома ёфта, ба таъсири офати дигар – ҳамлаи ваҳшиёнаи лашкари муғул бо сардории Чингизхон, ки Хоразмро ба хок яксон кард, аз байн рафтанд. Аз рисолаҳои Хоразмиву Берунӣ бармеояд, ки онҳо аз дастовардҳои илмии ниёгони худ то андозае баҳраманд гашта, анъанаҳои фарҳангии ононро идомаву такмил додаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ