Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Матолиби ин китоб шомили муҳосабате аст дар ирсу васият ва муқосама (тақсим кардани амволи муштарак) ва умури девониву тиҷорат ва низ дар мавриди тамоми умуре, ки ба ҳисобу муомила марбут мешавад, монанди масоҳат кардани заминҳо ва андозагирии наҳрҳо ва ҳандаса (нақшакашӣ) ва дигар мубоҳиса ва фунуни риёзӣ қобили истифода хоҳад буд». Пай бурдан душвор нест, ки рисолаҳои математикии Хоразмӣ ба тақозову талаби зиндагӣ таълиф шудаанд. Чунон ки муҳаққиқону бостоншиносони маъруф В.В. Бартолд, Б. Ғафуров, С.П. Толстов, А.Ю. Якубовский, Я.Ғ. Ғуломов, В.А.Шишкин дар асоси бозёфтҳои бостоншиносӣ муайян кардаанд, инкишофи илмҳои дақиқу амалӣ дар Хоразм ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна дар он давра пеш аз ҳама ба тавсиаи кишоварзиву системаи обёрӣ, равнақи тиҷорату ҳунармандӣ зич алоқаманд будааст. Ин зарурат ва алоқамандиро фарзандони донишманди он сарзамин монанди Муҳаммад Хоразмӣ хеле хуб дарк карда, барои рушду камоли ватани худ дар ҳар ҷое набошанд, хидмат кардаанд.
Рисолаҳои математикии Хоразмӣ натиҷаву маҳсули ҳамин гуна омилҳои ҳаётӣ буда, ҷавобгўи дархостҳои давру замон ва мушкилкушои рўзгори одамон буданд. Ин ҳама аз як тараф ба он далолат мекунад, ки Хоразмӣ ва муосирони ў қудрати ақлу заковати худро барои хидмат ба халқу ватан харҷ намудаанд, аз тарафи дигар ба даъвоҳои беасоси олимони Ғарб, ки назарияҳои илмии донишмандони Шарқро такрори маҳз мешуморанд, хати батлон мекашанд.
Хидмати Хоразмӣ дар инкишофи илми ҷуғрофия низ хеле бузург аст. «Китоб сурат-ул-арз»-и ў, ки дар он замон беҳамто буд, аввалин асари ҷуғрофии боқимонда ба забони арабӣ мебошад.
Рисолаи ҷуғрофии Хоразмӣ харчанд аз лиҳози мундариҷа бо «Дастури ҷуғрофӣ»-и Птолемей наздик аст, вале онро тарҷума шуморидан мумкин нест. Зеро, чунон ки шарқшиноси маъруф Ю.
Крачковский собит намудааст, Хоразмӣ рисолаи Птолемейро хеле амиқ омўхта, матолиби онро бо таҳриру такмил дар шаклу ҷадвалу зич баён намудааст. Рисолаи Муҳаммад Хоразмӣ маълумоти пурқимматеро роҷеъ ба 637 мавзеи асосӣ, 209 кўҳ ва дигар маҳалҳои ҷуғрофӣ дарбар мегирад. Дар ин асар Хоразмӣ таҷрибаи донишмандони гуногуни олам, бозёфту кашфиётҳои ононро ҷамъбаст намуда, асари ҷомеъу мустақиле офарида, харитаи дар он замон дақиқи оламро ба вуҷуд овардааст, ки аҳамияти калони амалӣ дошта, асрҳо чун дастури муҳим барои баҳрнавардону кишоварзон хидмат кардааст.

пешина
аз 625
навбатӣ