Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пайдоиш ва таҳаввули қасидаи классикӣ» ба таври муфассал дар мавридҳои гуногун дар бораи қасидаи мазкур таваққуф намуда, онро дар робита бо осори шоир ва суннати қасидасароӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Тавре ки мебинем, қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Рўдакӣ мавриди баррасии муҳаққиқони зиёде қарор гирифтааст, вале ҳанўз бисёр паҳлуҳои он таҳлилу таҳқиқи амиқ наёфтаанд, ки ҷанбаҳои фалсафиву равонӣ, оҳангу мусиқии алфоз аз он ҷумлаанд.
Қасидаи «Шикоят вз пирӣ» аз 34 байт иборат буда, дар баҳри муҷтаси мусаммани махбуни мақтуъ навишта шудааст. Дар бораи унвони қасида андешаҳои гуногун баён шудааст. Аксари муҳаққиқон онро «Шикоят аз пирӣ» ё «Қасида дар шикояти пирӣ»(А.Мирзоев) номидаанд ва бо ҳамин унвон машҳур гаштааст. Баъзе мухаққиқон ба ин унвон бо шубҳа нигариста, назари худро баён намудаанд. Аз ҷумла А.Сатторзода таъкид менамояд, ки «дар асл ин унвон шартӣ буда, имрўз маълум нест, ки дар асл чунин унвон дошт ё не. Ин чиз чандон муҳим нест.» Вале Субҳони Амир дар ин бора қатъитар сухан ронда навиштааст:
«унвони зикршудаи қасида(«Шикоят аз пирӣ»-М.М.) ба сохтор ва асолати мазмуну мундариҷаи он мувофиқат намекунад.» Аз ин рў ў дар пайравии Р.Ҳодизода унвони «Қасидаи пирӣ»-ро дуруст мешуморад. Зимнан бояд гуфт, ки дар тарҷумаи русии қасида ва осори ховаршиносони рус ҳамин унвон(«Старческая касыда», «Касыда о старости») қабул шудааст. Тавре ки маълум аст, дар гузашта суннати гузоштани унвон ба қасидаву ғазал аз рўи мазмуни шеър расм нашуда буд. Шеърро одатан аз рўи қофияи он номгузорӣ мекарданд, мисли «Қасидаи нуния».
Масъалаи дигаре, ки мавриди баҳси муҳаққиқон аст, ба кадом навъи қасида мансуб будани шеъри мазкур аст. Муҳаққиқон онро қасидаи ҳасбиҳолӣ(ҳолия), фахрия, марсия ва амсоли инҳо номидаанд. Дарвоқеъ дар қасидаи мазкур унсурҳои ҳамаи навъҳои зикршударо метавон пайдо кард. Махсусан, ҷанбаи ҳасбиҳолии қасида ҷолиб буда, тавре ки баътар хоҳем дид, аз он метавон дар бораи лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёти шоир иттилооти муфид ва муътамад ба даст овард. Аз ҷумла маҳз дар асоси далелҳои ин қасида масъалаи нобиноии Рўдакӣ ба таври қатъӣ ба субут расонда шуд.
Субҳони Амир ҳарчанд аввал шеъри мазкурро «Қасидаи пирӣ» меномад, аммо пас аз баррасии муҳтавои он ба чунин натиҷа мерасад, ки ҷолиб аст: «Вале аз рўи аслу ҷавҳари шеърият қасидаи мазкур як навъ шеъри фалсафию ахлоқӣ аст, ки маводи ҳасби ҳолӣ зоҳиран ба сифати тамсили бадеъӣ барои тақвият ва тафсири қазияи фалсафии қонуни яздонӣ(«Қазои яздон»), ки он ба бозгаштани давру даҳр ва ё даври тасалсул далолат мекунад, истифода шудааст» Дар ҳақиқат, қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро метавон шеъри фалсафӣ донист.

пешина
аз 625
навбатӣ