Равзанаи адаб

Дар мақолаи дигари худ «Радифи як шоҳасар»
Р.Мусулмонқулов роҷеъ ба радифи қасида изҳори назар намуда, дар байти охири он табдил ёфтани «буд»-ро ба «шуд» ҳадс мезанад. Вале дар ин бобат далеле намеорад. Аввалан тавре ки баррасиҳои матншиносӣ нишон медиҳанд, дар ягон матн ба ҷои «буд»дар мақтаи қасида «шуд» сабт нашудааст. Сониян вожаи «буд» метавонад маъниҳои гуногунро касб намояд, ки дар ин бора баъдтар сухан хоҳем ронд.
А. Сатторзода низ роҷеъ ба қасидаи «Шикоят аз пирӣ»
чанд мақола ба табъ расондааст. Дар мақолаи «Тазоди зиндагӣ дар таносуби шеър (Кўшиши мутолиаи ҳамаҷонибаи як қасидаи ғарро)» муаллиф саъй намудааст, ки қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро бо равиши тозаи таҳқиқ, ки дар адабиётшиносии рус ва ғарб ба унвони таҳқиқи ҷомеъи шеъри ҷудогона маъруф аст, баррасӣ кунад. Ў қасидаи мазкурро пеш аз ҳама аз лиҳози сохтор ба 5 қисмат ҷудо намуда, сипас усулҳои тасвирро нишон додааст ва мулоҳизаҳои ҷолибу тоза баён намудааст. Вале ишораи Р. Мусулмонқулов, ки «қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро аз нуқтаи назари хусусиятҳои мундариҷавию ғоявӣ, эмотсионаливу композитсионӣ, услубиву замонӣ ва ғайра на ба панҷу ҳашт, балки пеш аз ҳама ба ду қисм ҷудо кардан авлотар менамояд», дуруст ба назар мерасад. Зеро бунёди қасидаро тасвири ду давраи зиндагии шоир ташкил медиҳад. Тавре ки худи А. Сатторзода ҳам таъкид кардаааст, «яке аз усули асосии тасвир дар қасидаи мазкур тазод ва муқобила аст».
Дар мақолаи «Шеъри ҳолия дар замони Сомониён» А. Сатторзода қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Рўдакиро бо ашъори ҳасбиҳолии суханварони асри Х Мантиқии Розӣ, Кисоии Марвазӣ ва Мунтасир мавриди муқояса қарор дода, зери таъсири он қасида эҷод шудани ашъори ҳолияи онҳоро ба субут расондааст.
Дар ду мақолаи В. Элбойзода ва асари Х. Муҳаммадзод вежагиҳои забони қасидаи «Шикоят аз пирӣ» баррасӣ гардида, роҷеъ ба таркиби луғавии қасида ва тарзи истифодаи калимаву таъбирҳои ҷудогона мулоҳизаҳо баён шудаанд. Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» таваҷҷўҳи муҳаққиқони хориҷиро низ ҷалб намудааст.Аз ҷумла ховаршиноси рус М.Л. Рейснер дар китоби «Назми лироэпикии асри Х - ибтидои асри Х1.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё