Равзанаи адаб

Дасти иакон аст то касро тавонгар мекунад,
Завқ миннатдори идрок аст, бовар мекунад.
Сарфарозӣ қомати хамро ба боло мекашад,
Барфи пирӣ гардрези давр бар сар мекунад.
Қаҳрамони лирикии Салим низ мисли ринди лоуболи Ҳофиз майл ба шароби ноб ва шодиву тараб дорад, аз неъматҳои зиндагӣ бархўрдор мешавад:
Бода биёвар, ки дилам танг шуд,
Бо ғами ин қавм ҳамоҳанг шуд.
Бонги тараб хоҳ ба ин дам накў,
Навбати эъҷози дафу чанг шуд.
Дар ашъори Салими Хатлонӣ ҳикматписандиву содагии сабки Саъдиро низ метавон мушоҳида кард. Ғазали зер саршоори панду андарзҳои ҳакимона мебошад:
Шўри бешафқат ҳаёро мегазад,
Роҳ саг дорад, гадоро мегазад…
Мубталоро нест боке аз шикаст,
Ғайрати саркаш балоро мегазад
Воқеан дар ашъори Салими Хатлонӣ масоили ахлоқӣ ҷойгоҳи хос дошта, таваҷҷўҳи хонандаро зуд ҷалб менамояд.
Шоир дар ривоҷи ин суннати хеле қадимаи адабиёту фарҳангамон, ки аз «Авесто»-ву пандномаҳои аҳди бостон шурўъ мешавад, саҳми босазо гузоштааст. Яке аз муҳимтарин нуктаҳои арзишманде, ки дар андарзҳои бостонӣ ба такрор таъкид шудааст, некиву накўкорист. Салими Хатлонӣ низ пандномаи худро бо таъйиди ҳамин мароми волои инсонӣ оғоз намуда, фарзандро ба некиву накўкорӣ даъват мекунад:
Накў хоҳӣ, накўӣ судманд аст,
Накўкорӣ чӣ коре, бегазанд аст.
Накў гуфтан туро дорад гиромӣ,
Зи некўӣ расӣ бар некномӣ.
Салими Хатлонӣ низ мисли Низомӣ фарзандро ба ғофил
набудан аз зиндагӣ ва мардонагиву озодагӣ, фозиливу башардўстӣ
даъват менамояд. Дар пандҳои ў хислатҳои ҳамидаи инсонӣ талқин шуда, зиштиву бадкорӣ маҳкум мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор