Равзанаи адаб

Дарвоқеъ дар шеъри ў софиву шаффофии обҳои чашмасорон, ҷўшу хурўши рўдҳои кўҳсоронро метавон эҳсос кард.
Салими Хатлонӣ замоне ба арсаи адабиёт қадам ниҳод, ки шеъри тоҷик ба марҳалаи тозаи рушд ворид шуда, аз умумигўиву пурҳарфӣ дурӣ меҷуст ва рўй ба суннатҳои волои шеъри классикӣ ва ҳамзабонон ниҳода буд. Аз ин ҷост, ки ў аз қадамҳои аввал шеъри классикиро меъёру милоки эҷодии худ қарор дод.Ў на танҳо бештар дар қолабҳои маъмули ғазалу маснавӣ, рубоиву дубайтӣ шеър мегуфт, балки ба тарзи ифодаву шеваи баёни суханварони пешин пайравӣ мекард.
Барои ошноии бештар бо осори шоирони гузашта ў ба таҳқиқи ҷиддии адабиёти классикӣ пардохт ва баррасии Маснавии маънавии Ҷалолиддини Балхиро мавзўи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ қарор дод. Осори Мавлоно барои Салими Хатлонӣ мактаби бузурги эҷодӣ буд, ки аз он сабақи донишу маърифат ва ҳунару балоғат гирифтааст. Ў ба шоирони бузурги дигар амсоли Фирдавсиву Ҳофиз, Саъдиву Бедил низ таваҷҷўҳи зиёд дорад, вале таъсири осори Мавлоно дар сурудаҳояш бештар ба назар мерасад. Дар аксари ғазалиёти шоир асари шўру эҳсос, андешаву афкори Мавлоно аён аст. Салим низ мисли Мавлоно дар ҳамаи мавҷудоти олам таҷаллии илоҳиро мебинад:
Эй ҳама ҷон! Эй ҳама ҷон! Ёр туӣ! Ёр туӣ!
Бар ҳамагон! Бар ҳамагон! Ёр туӣ!Ёр туӣ!
Рўҳ туӣ! Рўҳ туӣ! Мидҳату мамдўҳ туӣ!
Ҷумла туӣ ҷони ҷаҳон! Ёр туӣ! Ёр туӣ!
Роҳ туӣ! Ҳодӣ туӣ! Кўҳ туӣ ! Водӣ туӣ!
Оби равон, ҳам ту равон! Ёр туӣ!Ёр туӣ!
Ишқи заминиву илоҳӣ дар ашори Салим низ бо ҳам омезиш ёфта, ҳастии қаҳрамони лирики ўро фаро гирифтаанд:
Ҳарфест зи ишқ, эй данӣ, медонӣ ?
К-аз булҳавасон дўст наояд ҷонӣ.
Бар ҳар чи муҳаббате, ки дорӣ, бодо!
Кофист маро муҳаббати Раббонӣ.
тасвиру маъниофариниҳои бедилона ба назар мерасад. Ў низ бо истифода аз мафҳуму падидаҳои муқаррарии зиндагӣ хаёлбандиҳои зеҳнӣ мекунад ва хонандаро ба андеша водор менамояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор