Равзанаи адаб

Шоир бо таъкиди ногузир будани марг ҷавононро ба парҳез аз бадӣ талқин менамояд:
Қимати неку бад ба ҳам омез,
Аз бад он беҳ, ки ҳамчу мо парҳез.
Тарбияи инсони нек мароми ахлоқии шоир дар кулли сурудаҳояш мебошад. Инсон дар маркази чашмандози шоирии ў қарор дошта, бо ҳама мураккабиву тазодҳои ботинӣ ҳамеша барои накукориву бунёдкорӣ, пешрафту созандагӣ талош менамояд:
Одам! Одам! Бақои олам Одам!
Аз неку бади ҷаҳон фароҳам Одам!
Бе хубии ту зишт нашуд фаҳми касон, Эй шодии ту фузуда аз ғам Одам!
Осори ғаниву рангини Салими Хатлонӣ гувоҳи он аст, ки ў танҳо пойбанди суннатҳои ниёгон набуда, ҳамқадами замон низ мебошад. Дар ашъори ў тапиши набзи замони зудсайру пуртазодро метавон эҳсос кард.Шоир аз пешрафту хушиҳои зиндагӣ меболад, вале нобасомониву беинсофиҳо, карахтиву коҳилиҳо, маҳалгароиву ошнопарастиҳо ва дигар костиҳои рўзгор, ки халалдори пешрафти ҷомеа мешаванд, ўро дилгир месозанд:
Изтиробе… беқарори миллатем,
Доғи миллат, рўзи тори миллатем.
Дар маҳал кобем, не миллатгаро,
Заҳрҷўши рўзгори миллатем.
Мову ту не бори ин миллат ба дўш,
Балки нангу дўшбори миллатем…
Пора-пора бо маҳал, ҳам порагир,
Пораи имрўзу пори миллатем.
То маҳалгўён маҳалбозем мо,
Чун дами дай дар баҳори миллатем.
Эҳсоси баланди ватандўстӣ, ифтихор аз фарҳанги волои гузаштагон, ситоиши бузургони илму адаб, тараннуми ишқи поку беолиш, ёди азизон ва амсоли инҳо аз мавзўоти исосии ашъори шоир мебошанд, ки ба хонанда завқу сурур ато намуда, ўро ба талошу бунёдкорӣ талқин месозанд.
Сабку шеваи баёни Салими Хатлонӣ ҳам мисли мавзўоту муҳтавои ашъораш гуногунранг аст.Ў дар радифи сабку қолабҳои суннатии шеъри классикӣ ашъори зиёди ба истилоҳ нимоиву озод ва сафед низ сурудааст, ки онҳо бо содагиву фасоҳат мумтозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор