Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мақолаҳои адабиётшиносии Гулназар назари амиқу пурвусъати ӯ ба падидаҳои адабӣ, андсшаҳои холисонаи ӯ нисбат ба ашъори ҳампешагони худ ироа шудаанд. Аз ҷумла дар мақолаи «Вожаҳоро бояд шуст », ки онро дар охири маҷмӯаи ашъори ӯ «Забони ошиқӣ» (Теҳрон, 1999») низ ҷой додаанд, андешаҳои муҳаққиқонаи Гулназар роҷеъ ба шеъри муосири тоҷик ва бурду бохтҳои он баён шудаанд.
Фаъолиёти пурдоманаи адабиву иҷтимоии Гулназар доираи ҷаҳонбиниву чаҳонфаҳмии ўро васеъ намуда, ба рушду пешрафти вай чун шоир мусоидат кардааст. Саҳми Гулназар дар пешрафти шеъри муосири тоҷик бузург аст. Ӯ дар радифи Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ҳақназар Ғоиб, Ҳабибулло Файзулло, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур ва дигар ҳамсафони худ дар пойдории шеъри нав дар адабиёти тоҷик нақши муҳим бозидааст. Ӯ шоири ҷӯяндаву навовар буда, на танҳо ба навпардозӣ дар шаклу қолаби шеър пардохтааст, балки ба мӯҳтавои шеър, тасвиру бофти сухан низ тозагиҳо ворид намудааст. Дар маркази ашъори Гулназар низ инсони муборизу ҷӯянда карор дорад. Қаҳрамони ғиноии ашъори ӯ инсони фаъолу пӯё ва пурталошу ҷӯё буда, пеш аз ҳама ба модар, Ватан, муқаддасоти миллат меҳру муҳаббат ва дилбастагиву ҳурмати фаровон дорад. Ӯ таваҷчӯҳи зиёде ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дорад, аз таъриху фарҳанги ғании ниёгони худ ифтихор мекунад, ҳар пораи хоки Ватанро азизу муқаддас мешуморад.
Гулназар андешаҳои башардӯстии шоирони маъруфи гузаштаро идома дода, бузургии мақоми инсонро таъкид менамояд:

Ба одам одамиро кашф карданд,
Ки ҷуз ӯ дар ҷаҳон пайғамбаре нест.
Ба нақди дил басе исбот карданд,
Ки қимматар зи одам гавҳаре нест.

Ҷанбаи иҷтимоии шеъри Гулназар хеле қавист. Аз ин ҷост, ки шсьри ӯ ба сифати Суруди миллии Тоҷикистон интихоб шуда, ба ҷузъи муқаддасоти миллӣ шомил гардидааст. Шеъри дигари ӯ низ дар озмун ғолиб омада, ҳамчун Суруди Анҷумани тоҷикони дунё пазируфта шудааст. Баёни андешаҳои ҳикматомезу нуктаҳои фалсафӣ, ки аз вежагиҳои шеъри Лоиқ буда, аз шеъри классикии форсу тоҷик ва олам маншаъ мегирад, дар шеъри Гулназар низ мавқеъ пайдо мекунад. Ин ҳоло бештар дар ғазалҳову рубоиёт ва дубайтиҳои ӯ ба назар мерасад:

пешина
аз 625
навбатӣ