Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

интишороти «Сурӯш»-и Эрон гулчини ашъораш «Забони ошиқӣ»
бо иитихоби шоири маъруфи Эрон Қайсари Аминпур чоп шуд. Дар пешгуфтори китоб доктор Алиасғари Шеьрдўст чанд вежагии шеъри Гулназарро ёдовар шуда, аз ҷумла навишта аст: «Шеъри Гулназар чун худи ӯ содаву самимӣ аст ва дар Тоҷикистон алоқамандони бисёр дорад».
Маҷмӯаи ашъори Гулназар бо забони арабӣ низ таҳти унвони «Тоҷикистон ватани ман» дар тарҷумаи Назруллои Назар интишор ёфтааст.
Гулназар дар тарҷумаи шеър низ маҳорати баланд дорад. Ӯ беҳтарин осори Ҳ. Ҳейне, М. Лермонтов, А. Фет, М. Светаева, М.
Светлов, Р. Рождественский, О. Ватсиетис, Н. Гумилев, Р. Казакова ва шоирони арабу фаронсавиро ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп кардааст.
Фаъолияти эчодии Гулназар хеле васеъ ва пурдомана аст. Ӯ ҳамчунин ба насрнависӣ машгул буда, илова бар мақолаҳои публисистӣ дар таълифи ҳикоя(достон) низ ҳунарнамоӣ мекунад.
Ҳикояҳои ӯ хеле кӯтоҳу сода буда, арзиши баланди маънавию ахлоқӣ доранд. Дар ҳикояҳои ӯ, ки бештар воқеиянд, ҳақиқати зиндагӣ ва андешаҳои ҳикматомези вай бозтоб ёфтаанд. Дар аксари ҳикояҳои Гулназар хислатҳои ишратдӯстиву зарофатгӯии мардуми Дардар, ки ба он ҳанӯз дар асри XIX Мустаҷири Самарқандӣ дар «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» ишора карда буд, ба қалам омадааст. Маҷмӯаи ҳикояҳои «Таъми тути балхӣ»
аз маҳорати баланди нависандагии ӯ дарак медиҳад.
Гулназар дар навиштани драма низ қувваозмоӣ мекунад. Ӯ бештар ба таълифи драмаҳои таърихӣ майл дошта, дар бораи Мансури Ҳаллоҷ ва Имом Ғаззолӣ асарҳои драмавӣ офаридааст.Намоишномаҳои ӯ «Муҳокима дар шахри ҳазору як шаб», «Аз ин варта киштӣ фурӯ шуд ҳазор» дар озмунҳо соҳиби ҷоизаҳо шудаанд.
Хидмати Гулназар дар пешрафти накди адабӣ ва адабиётшиносии муосири тоҷик низ назаррас аст. Ӯ солҳо ба ҳайси мудири шӯъбаи нақду адабиётшиносии маҷаллаи «Садои Шарқ» ба ҷалби мунаққидону адабиётшиносон ба масъалаҳои мубрами адабиёт талош варзида, ба пешрафти ин соҳа мусоидат намудааст. Зеро он солҳо маҷаллаи мазкур оинаи ҳаёти адабии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт ва беҳтарин мақолаву тақризҳо дар он нашр мешуданд. Гулназар аввалпн адибест, ки дар бораи шоири бузурги асри XX тоҷик Лоиқ Шералӣ китоби ҷудогонае таҳти унвони «Лоиқи чун Лоиқе» навиштааст, ки дар он муҳимтарин хусусиятҳои шеъри он ва ҳунари волои шоириаш арзёбӣ шудаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ