Равзанаи адаб

Дар ҳар мақола ягон масъалаи ҳассоси зиндагиро ба миён мегузошт ва роҷеъ ба роҳҳои ҳалли онҳо изҳори назар мекард.
Масалан, дар мақолае, ки сўҳбати ӯро бо ронандаи номдор Алла Ҷӯрақулов дар бар мегирифт, масъалаҳои муҳими роҳсозӣ дар ҷумҳурӣ ва зарурияти он дар кӯҳистон матраҳ шуда буданд. Ё худ бо мақолаи дигари худ ӯ дар яке аз мактабҳои ноҳияи Қумсангир сарояндаи ҷавони соҳибистеъдодро кашф намуда, ӯро барои омадан ба пойтахти ҷумҳурӣ ташвиқ кард. Аз он сарояндаи ҷавон ҳунарпешаи номдор Мастона Эргашева ба камол расид.
Фаъолияти рўзноманигории Гулназар то имрӯз идома дорад. Ӯ солҳом тулонӣ дар маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» мудири шӯба ва дар хафтапомаи «Адабиёт ва санъат», «Ваҳдат» ва маҷаллаи байналмилалии «Пайванд» сардабир буд.
Гулназар дар ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзад. Ў раиси Шўрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистои буда, дар тарбияи шоиронн ҷавон саҳми бузург дорад. Ӯ узви Иттифоқи нависандагон ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ аст. Ӯ вакили Шўрои намояндагони шаҳри Душанбе ва Маҷлиси намояндогони Маҷлисяи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ба шеърнависӣ Гулназар ҳангоми таҳсил дар мактаб шурӯъ кардааст. Шеърҳои аввалини ӯ дар рўзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал»
чоп шудаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Расми сарбозӣ»
соли 1969 ба табъ расид ва он аз вуруди як шоири соҳибсалиқа ба олами адабиёти тоҷик муждагонӣ дод. Ин маҷмуаро хонандагону муҳаққиқон хуб пазируфтанд. Сипас пайи ҳам маҷмуаҳои дигари ашъори ӯ «Дастархон» (1972), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1979), «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Паи дарё» (1987), «Чашми нигин» (1988), «Табхола» (1992) ба табъ расиданд. Ин маҷмӯаҳо ба мисли нардбон болорафти эҷодии шоир, рушду такомули маҳорати суханварии ӯро нишон медиҳанд.
Ҳамчунин маҷмӯаҳои ашъори Гулназар барои бачагон бо унвонҳои «Аз барои Гулъизор» (1983), «Се кӯлчаи танӯрӣ»(1990), «Об омаду об омад» (1991) интишор ёфтанд, ки тӯҳфаи хубе барои кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ мебошанд.
Маҷмӯаҳои ашъори Гулназар ба забони русӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Душанбе бо номҳои «Ситораи Улуғбек» (1981), «Чашмаи беном» (1981), «Сояи тут» (1989) чоп шудаанд.
Ашъори Гулназар дар кишварҳои форсизабон низ шӯҳрат дорад. Бори аввал бо ҳуруфи форсӣ маҷмӯаи ашъори ӯ «Тахти Рустам» дар нашриёти «Ирфон» (1990) ба табъ расид. Сипас дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор