Равзанаи адаб

Бо ин ҳама муҳимтарин омиле, ки ба рушду камолоти Гулназар на танҳо чум шоир, балки инчунин шахсияти фарҳехтаи фарҳангӣ мусоидат намудааст, ба назари мо меҳнатдӯстии ӯст.
Гулназар аз хурдӣ ёвари асосии падару модар дар ҳамаи корҳои рӯзгор буд, зеро бародарони бузург ба сабаби дар он солҳо набудани клоссҳои болоӣ дар мактаби деҳа барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе рафта буданд. Ӯ дар мактаб низ на танҳо бо баҳои аъло мехонд, балки дар хамаи корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид. Дар давраи таътили тобистона ҳам ба корҳои мактабу кишоварзӣ машғул мешуд. Мисли дигар ҳамсолон вақтро беҳуда намегузаронд. Бо ҳидояту маслиҳати падар ба қадри вақт расиданро омўхта буд, зеро падар хар замон ин байти Ҳофизро хотиррасон намуда шарҳ медод:
Вақтро ғанимат дон, он қадар ки битвонӣ,
Ҳосил аз умр, эй ҷон, як дам аст, то донӣ
Гулназар аз хурдӣ ба ҳайвонот дилбастагии зиёд дэшт, ба заргўшпарварӣ шуғл меварзид ва хари таърифии падарро хуб иигоҳубин мекард. Зимнан бояд гуфт, ки дар бораи хари думбуридаи онҳо мардуми деҳа мақоле ҳам сохта буданд, ки ҳарчанд аз он хар ному нишоне намондааст, вале мардум то имрӯз он мақолро истифода мебаранд: То ин кор тамом мешавад, ки думи хари Мирзокелдӣ ба замин мерасад...
Ба умеди ошноии бештар бо асрори шеър ва омӯхтани адабиёти бою қадимии ниёгон Гулназар соли 1961, пас аз хатми мактаби миёна, ба факултаи таърих, забон ва адабиёти Донишгохи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1966 онро бо диплэми аъло ба поён расонид. Дар солҳои таҳсил дар донишгоҳ низ ӯ меҳнатдӯстиву талоши илмомӯзӣ зоҳир менамуд. Аз фаъолони маҳфили Адибони ҷавони донишгоҳ буд, дар конфронсҳои илмии донишҷӯён пайваста суханронӣ мекард, дар нашри рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» бо дӯсти ҳамсабақаш Саидалӣ Маъмур ҳамкорӣ менамуд, дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ шеъру мақолаҳо чоп мекард.
Фаъолияти кории худро Гулназар соли 1966 дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» аз вазифаи ходими адабӣ шурӯъ намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба вазифаи мудири шӯъба ва муовини сардабир расид. Солҳои кор дар рӯзнома барои шоири ҷавон давраи омӯзиши ҷиддии ҳаёт буд. Инро аз мақолаҳои ӯ низ метавон пай бурд, зеро дар онҳо назари амиқу дақиқи рӯзноманигори ҳирфаӣ ба ҳаёт ва мушкилоти он эҳсос мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор