Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сифла аз бенангии худ зинда аст,
Суннати номусу орам мекушад.


Нахезад аз яхистон ҳосиле ҳаргиз,
Ба хоки гарм деҳқон дона мерезад.


Чу дарёҳо дамидан ҳам ҳунар бод,
Чу шохи гул хамидан ҳам ҳунар бод.
Ҳунармандон ба қадри зар расиданд,
Ба қадри cap расидан ҳам ҳунар бод.

Мавзӯи ҷовидонии ишқ низ дар ашъори Гулназар мавқеи баланд дорад. Вале дар тасвиру баёни ин мавзӯъ низ Гулназар ба умуми -нависиву пургӯйӣ, ки ба аксари шоирони мо хос аст, роҳ намедиҳад. Ӯ саъй менамояд, ки ҳатто дар ҳадиси ишқ, ки ҳазорон сол аст такрор мешавад, сухани тозае гӯяд. Тавре ки маълум аст, ишқ мавзӯъ ва василаи асосии баёни андеша дар адабиёти ғании тасаввуфии мост ва баъзе тасвирҳо борҳо такрор шуда, ба рамзу қолаб табдил ёфтаанд. Вале Гулназар дар шеъри «Масҷиди ишқ»
бо истифода аз падидаҳои динӣ шеъри ишқие офаридааст, ки дар он меҳру садоқати ошиқ ба маъшуқ хеле содаву самимӣ ва мушаххас баён шудааст:

Канорам нишииу ба сеҳри нигоҳам
Гуноҳе ту кам кун, савобе ту зам кун.
Чу фирдавси пок аст оғӯши покат,
Ту фирдавсиам кун, ту фирдавсиам кун.

Мавзӯи ишқ дар ашъори Гулназар хамеша бо масоили иҷтимоиву ахлоқӣ пайванди ногусастанй дорад. Дар ишқияҳои шоир баёни урёни эҳсосоти шаҳвонӣ, ки мутаассифона, дар шеъри имрӯзи тоҷик ривоҷ меёбад, ба назар намерасад. Барои қаҳрамони ғиноии Гулназар ишқ гавҳари азизу муқаддас, василаи покиву таҳорати ботинии инсон аст:

Чу номи духтарӣ поку ҳалолӣ,
Чу шавқи дилбарӣ поку ҳалолӣ,
Ба сони байти нав ҷустам туро ман,
Чу нони шоирӣ поку ҳалолӣ.

пешина
аз 625
навбатӣ