Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоса имрўз, ки як он кофист,
То шавад зеру забар кулли ҷаҳон.
Хоса имрўз, ки имое бас,
То шавад қасри тамаддун вайрон.
Кова ҳушёртару зиндатар аст,
Муштҳо гурзаи пуртобтаранд.
Алҳазар, холигарони Заҳҳок
Писари ҳаждаҳумашро набаранд...

Қаҳрамонони ашъори Лоиқ дорои рўҳу иродаи қавианд.
Фирдав-сиву Рустам ин ду қҳрамони маҳбуби шоир маҳз бо рўҳи қавию аз-му суботи матин дар ҳамаи давру замонҳо номбардору муҳофизони мардуманд. Ҳатто мурдаи онҳо аз зиндагон болотар аст:

Пирамарде гуфт: «Гохо ҳазратам
Мурдаҳо аз зиндаҳо афзалтаранд.
Фатҳи кўҳ аз фатхи рўҳ осонтар аст,
Мурдахо аз.зиндахо пурдилтаранд».

Лоиқ ҳам мисли Фирдавсӣ Рустамро тимсоли худшиносиву худогоҳии мардум қарор додааст. Рустам дар ашъори Лоиқ ҳам муборизи роҳи озодиии мардум, бахту саодат ва доду адолат аст. Ў ҳамеша алайҳи зиштиву адоват меҷангад, барои худшиносй мубориза мебарад:

Дар куҷое, ки рўҳи озодон
Мвшавад пойкуби шайтонҳо.
Дар кучое, ки мешавад саркуб
Худшиносиву шўру исёнҳо
Мепарад Рахш ҷониби майдон
Ҳамчу рўҳи шикастнодида.
Рустами ял ба хонаи зинаш
Рўҳи мардонагй санҷида.

Рукни мухими худшиносӣ дар ашъори Лоиқ забони модарист, ки на танҳо нишонан ифтихори мардум аст, балки сармояи маънавй ва ҳуввиятн миллии ҳар фард мебсшад.

пешина
аз 625
навбатӣ