Равзанаи адаб

Меҳрн ватан аз нигохи шоир бо эҳтироми забони модарӣ робитаи мустақим дорад, зеро:
Он яке қадри сухангумкардае,
Дигар.е боғу чамангумкардае.
Аз забони модарй гумкарда лек
Мерасад рўзе ватангумкардае...
Байти маъруфи шеъри мазкур имрўз чун ҳикмати зиндагӣ ба шиори мардуми тоҷик табдил ёфта, баро« бедории миллии забонгумкардагони зиёде асар мегузорад:
Заҳр бодо шири модар бар касе, К-ў забони модарӣ гум кардааст.
Дарвоқеъ, ҳикматписандиву ҳикматбаёнӣ дар шеъри Лоиқ беш аз дигар шоирони муосири порсигўй (ба истиснои Муҳаммад Иқболv Парвини Эътисомӣ) ҷой дорад. Баъзе байтҳои ҳикматомези Лоиқ ҳамсанги абёти ҳикмату андарздори шоирони классик буда, имрўз моли халқ шудаанд:
Бузургонро бузургон зинда медоранд, Бузургснро бузургсни дигар поянда медоранд.
Одамӣ аз худписандӣ, худсарӣ,
Қатра ҷуста баҳрро гум мекунад.
Мулк сангистону мо бесангарем,
Сарбасар сардору мо бесарварем.
- 1* *
Соҳиби сарчашмаему ташнаем,
Соҳиби ганҷинаему абтарем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор