Равзанаи адаб

- х - Дилро ба қумоши ишқ савдо кардам, Дар синаи гарми шавқ маъво кардам.
То ин ки дар ин ҷаҳон биёбам ҷое, Худро зн ҷаҳони хеш пайдо кардам.
Баъзе муҳаққиқон дар ашъори Лоик мавзўъро хеле муҳим қалам- дод кардаанд, ки дуруст нест. Зеро Лоиқ маҳз ба хотири матраҳи мавзўъе шеър нагуфтааст. Мавзўи шеърҳои ў худи зиндагист, руй-додҳои мухталифи он аст. Ў ҳамеща саьй мекард, ки эҳсосу_андешаи тозае, бардошти хосеро аз рўйдодҳои зиндагӣ иброз дорад. Ў ба зиндагӣ назари шоирона ва ҳакимона дошт. Аз ин ҷост, ки дар ҳар шеъри ў як нигоҳи тоза, як ҳикмати то ҳанўз надидаву даркнакардаи зиндагиро .метавон дарёфт. Муҳимтарини ин ҳикматҳо ҳамоно ба андешаи худшиносӣ марбут аст, ки раҳнамову ҳидоятгари ў ба гузаштаву имрўзи инсон, таъйини мақому манзалати он дар ҷомеа аст. Худшиносӣ дар ашъори шоир мавзўи хосе нест, ки ў дар шеъри ҷудогонае перомуни он баҳсу баррасӣ карда бошад. Окро дар ҳар замина, ҳам дар баёни андешаҳои иҷтимоӣ, ҳам дар зимни ибрози эҳсосоти ошиқона ва ҳам дар нуктаҳои ахлоқиву фалсафии ашъори шоир метавон пайдо кард.
Худшиносии Лоиқ маншаъ аз тамаддуни волок ниёгсн мегирад, аз тазоди некиву бадӣ, равшаниву торикӣ, аз талошҳои Аҳура Маздову Аҳриман, Коваву Заҳҳок сарчашма дорад. Аз ин ҷост, ки дар пиндори шоирии ў Кова ҳанўз зиндааст ва дар ҳама ҷои дунё зидди бедодиву ситам, ки бозмонда аз Аҳриману Заҳҳоканд, мубориза мебарад, то даме ки зиштиву нопокӣ, зулму ситам, беадолативу нобаробарии иҷтимоӣ вуҷуд дорад, Кова муборизаи худро идома медиҳад ва кини фарзандони ҷавонмаргашро аз золиму ноҷавонмардон меситонад:
Кова зиндасту нахоҳад мурдан,
Ҷони худро зи қазо бирҳонад,
То зи Заҳҳоки ҳама давру замон
Кини ҳабдаҳ писараш настонад.
Кини у нест фақат дар дили ў,
Кини ў дар дили ҳар инсон аст.
Кова як Коваи Фирдавсӣ нест,
Кова исёнгари ҳар даврон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор