Равзанаи адаб

Рудакиву Фирдавсӣ, Анвариву Низомӣ, Саноиву Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолиддини Румиву Абдураҳмони Ҷомӣ, Соибу Бедил, Иқболу Шаҳриёр, Турсунзодаву Халилӣ, Нимо Юшичу Парвини Эътисомӣ ва чанд суханвари бузурги дигари форсигўй бо чунин рох рафта, хар кадом дар олами шеър дунёи худро офаридаанд ва даҳҳо шоирон аз пайи онон рафтаанд.
Аз х,амин зумраи ангуштшумори суханварон буд шоири забардасти тоҷик устод Лоиқ Шералӣ, ки аз ибтидо бо рохи фароху хамвори дигарон рафтанро азоб дониста, бо ҷодаи хеш вориди дунёи шеър гардид. Ў дар дехаи Мазори Шариф дар миёни кўҳсорони баланду рўдхонаи пурхурўши Зарафшон ба дунё омад. Дар маконе, ки Рўдакии бузург бачагиву наврасиро гузаронида, сипае роҳи Самарқанду Бухороро пеш гирифта буд. Вале Лоиқ бо он роҳ нарафт ва озими пойтахти навини тоҷикон шахри Душанбе шуд. Ў қабл аз хама бо дунёи шеър ва роҳҳои бузургони адаби форсии дарӣ ошно шуда, аз самари бўстони осори онон бархурдор гардид ва саранҷом роҳи хешро дар олами бекароии шеър боз намуд.
Шеъри нахустин Лоиқ, ки бо унвони «Ном» чоп гардид, барқе буд дар осмони шеъри имрўзи тоҷик, ки таваҷҷўҳи ҳамагонро ҷалб намуд. Дар он солхо умуминависиву пургўӣ дар шеъри тоҷик авҷ гирифта, бозори васфу ситоиш гарм буд.
Вале дар шеъри мазкур сухан аз манияти шахс, аз мақому манзилати инсон дар ҷомеа, аз гузоштани коми нек дар зиндагӣ мерафт. Шоир аз шеъри аваал ба худшиносиву худогоҳӣ майл намуд ва ин майл то охир дар офаридаҳои ў идома дошт.
Шеъри мазкур тасвирҳои дилнишину тавсифҳои рангин надошт, вале ба сони чашмаи кўҳсорон софу беғубор, шаффофу равон буд ва дар умқ ҷавҳари худшиносиву худогоҳӣ дошт. Ин ҷавҳари худшиносӣ, ки дар шеъри аввалини Лоиқ; ҷанбаи фардй дошт, минбаъд сайқалу рушд меёбад. Худшиносии наврасе, ки мехоҳад бо ҳаккокии ном бар рўйи санг аз худ нишоне бигузорад, тадриҷан боло меравад, вусъат меёбад ва дар ашъори ласин ба худшиносии миллӣ мерасад. Ҷавхари худшиносиро ҳатто дар ашъори ишқии шоир хам метавои мушоҳида кард. Ошиқ дар ашъори Лоиқ майл ба худогоӣ дорад ва онро мояи бақо медонад:
Ошиқӣ ҳам санъати фарзонаҳост, Ҳар ки худро ёфт, алҳақ бефаност.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор