Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тибқи ин нукта ҳар кас имрўз ё фардо ҳатман подоши амали худро мебинад: агар бадӣ кунад, бадӣ ва агар некӣ кунад, некӣ хоҳад дид. Шоир бо таъкиди ин нукта мехоҳад ҳаддалимкон дасти ситамкорону қотилонро аз зулму куштори мардуми бегуноҳ боздорад:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки киро куштӣ то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ўро бикушад, он ки туро кушт.
Ангушт макун ранҷа ба даркўфтани кас?
То кас накунад ранҷа ба даркўфтанат мушт?

Бо вуҷуди он, ки дар шеъри мазкур шоир барои ифодаи ғояи инсондўстии худ аз ривояти динӣ истифода мебарад, вале матлаби аслии ў имрўз низ арзиш ва қимати худро гум накардааст ва зиёда аз ин хусусияти умумибашарӣ касб намудааст. Дар воқеъ, ҳоло сармоядорони ҷангҷўйи олам аз комёбиҳои илму техника ва дастовардҳои башарият барои қатли омми худи инсоният истифода мебаранд, дар ҳоле ки чунин дастовардҳо бояд пурра ба манфиати инсон мавриди истифода қарор гирад. Таърихи башар дурустии матлаби шоирро ба субут мерасонад, ки ҷангу куштор шурўънамуда, оқибат ҷазои хешро хоҳанд дид.
Воқеан, Рўдакӣ чунон ки худ мефармояд: «ҷаҳонро ба чашми дил дида», моҳияти ҳодисаву рўйдодҳои оламро амиқан дарк мекунад ва бо образу тасвирҳои бадеӣ андешаҳои баланди ахлоқиву фалсафиро ифода менамояд. Аз назари ў инсони накўкор на танҳо неъматҳои моддӣ меофараду худро такмил медиҳад, балки метавонад инону зимоми давру замонро ҳам ба даст гирад:

Замона аспу ту роиз барои хештан тоз,
Замона гўю ту ҷавгон барои хештан боз.

Дар ин хитоби рўҳпарвари шоир як ҷаҳон бовару эътиқод ба инсон ва қудрати тавонои он эҳсос мешавад.
Ҳамин тавр, симои Рўдакӣ аз миёни ашъори парешонаш ҳамчун инсондўсти бузург намудор мешавад. Андешаҳои баланди инсондўстии ў саҳифаи дурахшоне дар таърихи афкори ахлоқиву гуманистии башарият ба шумор мераванд.

пешина
аз 625
навбатӣ