Равзанаи адаб

Дар баъзе шеърҳои Рўдакӣ дар назари аввал талқини дил набастан ба зиндагии моддӣ ва ногузир будани марг мушоҳида мешавад, ки ба рўҳияи хушбинона ва ҳаётдўстии симои лирики шоир мухолиф менамояд. Вале агар ба чунин шеърҳои шоир бо тааммуқ нигариста, муҳити суруда шудани онҳоро, ки дарбори пуртаҷаммули феодалӣ буд, ба назар гирем, пай бурдан душвор нест, ки он шеърҳо пеш аз ҳама ба дарбориёну давлатмандон бахшида шуда, мақсади шоир нигаҳ доштани онон аз гирдоварии молу сарвати фаровон будааст. Ҳамин матлабро аз ишораи нозуки шоир дар зимни яке аз ҳамин гуна шеърҳояш дарк кардан мумкин аст:
Зери хок андарун-т бояд хуфт,
Гарчи акнун-т хоб дар дебост.
Ҳарчанд ин зумра шеърҳои шоир ба мардуми одиву бенаво, ки имкони ғундоштани молу сарвати фаровон ва дар дебо хуфтанро надоштанд, бахшида нашудааст, вале аз дидгоҳи онон суруда шудани шеърҳоро ғояву матлаби шоир далолат менамояд.
Бузургдошти мақоми инсонро дар шеърҳои ба шахсони таърихӣ бахшидаи Рўдакӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла дар марсияи марги Абулҳасани Муродӣ шоир аз мақому манзалоти баланди ў чун инсон,ки аз тамоми мавҷудот болотар аст, ёд мекунад:
Коҳ набуд ў, ки ба боде парид, Об набуд ў, ки ба сармо фусурд.
Шона набуд ў, ки ба мўе шикаст, Дона набуд ў, ки заминаш фушурд …
Рўдакӣ ҳамчун башардўсти бузург ҳамеша бо эҳсоси
баланди хайрхоҳи ба ҳимояи инсон пардохта, зулму ситам ба онро
дар шаклу намудаш маҳкум менамояд. Шоир андешаҳои
инсондўстии худро бо далелҳои ҳаётӣ таввввассути образҳои воқеӣ
басо муассиру нишонрас ифода мекунад. Гоҳо шоир ҳамчун
рўҳшиноси моҳир саъй менамояд, андешаҳои худро ба золимону
ситамкорон, ки аз ҷабру зулм ва ҳатто куштори мардуми бегуноҳ
рўй наметофтанд, талқин карда, ин тоифаро аз зиштиву
бадкориҳо нигоҳ дорад. Дар шеъри зерин шоир матлаби аслии
худро дар мисраи аввал ба таври қатъӣ баён намуда, барои қобили
дарк гардидани он ба хонанда далелҳо меорад. Шоир василаи аз
ҳама беҳтари таъсиррасонӣ ба инсонро дар эътиқоду боварии ў
медонад ва барои таъкиди матлаб аввалан аз рўйдодҳои зинда
сониян аз ривоятҳои динӣ истифода мебарад. Шоир ба хусус нуктаи маъруфи динии «мукофоти амал»-ро ба таври муассир истифода бурдааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё