Равзанаи адаб

Агар ҳамин фактҳои оддӣ ба ҷанобони китобхонаи конгресс фаҳмо набошад, беҳтар мебуд, ки ба ҳикмати халқ пайравӣ карда, аз коре, ки онро ўҳда карда наметавонанд, худро канор гиранд». Ю.Бобоев бо ҳар роҳ исрор менамояд, ки Мирзо Турсунзода бо тасаввуф ҳеч робитае надорад ва ҳар дастоварде дорад, танҳо натиҷаи «эътиқодмандии коммунистӣ, ифтихори милли ва дўстдории ҳақиқат» аст.
Вале ў фаромўш мекунад, ки тавре зикр шуд, яке аз манбаъҳои асосии осори шоир адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷику форс буда, ў давомдиҳандаи суннатҳои он адабиёт аст ва ин адабиёт, ба хусус осори адибони асрҳои Х – ХУ-ро бидуни таъсири тасаввуф тасаввур кардан муҳол аст. Осори Низомии Ганҷавӣ ва Саъдиву Ҳофизро, ки Мирзо Турсунзода беш аз ҳама ба онҳо таваҷҷўҳ дошт ва таъсири осори онҳо дар ашъору маснавиҳои ў ҳувайдост, саршори андешаҳои башардўстонаи тасаввуфианд. Набоояд фаромўш кард, ки маҳз ҳамин ҷанбаҳои инсондўстии аҳли тасаввуф буд, ки дучори таъқиби рўҳониёни мутаассиб мешуданд ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барин дузургони тасаввуфро «сўфиёни шум» мехонданд. Тавре ки зикр шуд, кулли осори ба Шарқи хориҷӣ ихтисос додаи Мирзо Турсунзодаро ҳам рўҳияи башардўстӣ фаро гирифтааст ва баъзе ҳамоҳангиҳоро бо андешаҳои шоирони мутасаввиф метавон мушоҳида кард.
Мавзўи Шарқи хориҷӣ махсусан, дар манзумаҳои баланди солҳои 50 – 60 асри 20 офаридаи ў ба таври хеле барҷаста зуҳур кардааст. Дар манзумаҳои «Садои Осиё»(соли таълиф 1955), «Духтари муқаддас»(1955), «Чароғи абадӣ»(1957), «Ҷони ширин»(1960), «Аз Ганг то Кремл»(1970) муборизаи мардумони азияткашидаи Осиёву Африқо барои ба даст овардани озодиву истиқлол ба қалам омадааст.
Дар «Садои Осиё» бедории Шарқ пас аз хобу ғафлати чандинасра тасвир гардида, аз ҷабру ситам, таҳқиру бандагӣ, асорату фақирӣ раҳоӣ ёфтани чиниҳову индонезиҳо, бирмагиву сарандебиҳо ва мардумони дигари Осиё таъкид мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор