Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоири шинохта Нодири Нодирпур ба шахсияти волои инсонӣ ва чеҳраи дурахшони шоирии Мирзо Турсунзода ишора намуда, эҳтироми худро ба ў таъкид кардааст : «Дўсташ медоштам, чаро ки чун ў марде дар рўзгори мо бисёр набуд ва бисёр нахоҳад буд.» Муҳаққиқи эронӣ Парвизи Дориюш Мирзо Турсунзодаро аз «навоварони шаклу мазмуни назми Машриқзамин» донистааст.
Дар даврони Шўравӣ, ки динситезӣ авҷ гирифта буд, ҳар чи бо он робита дошт, мавриди танқиду тардид қарор мегирифт. Аз ҷумла баъзе муҳаққиқон ба тасаввуф низ назари нохуш доштанд. Аз ин ҷост, ки як мушоҳидаи донишманди эронии муқими Амрико Иброҳими Пурҳодӣ, ки дар баъзе асарҳои Мирзо Турсунзогда суннатҳои башардўстонаи тасаввуфро эҳсос карда буд, ба ҳамлаи муҳаққиқони тоҷик дучор омад. Муҳаққиқи аҳволу осори шоир Ю. Бобоев роҷеъ ба ин мушоҳидаи дуруст бо кинояи сахт менависад: «Кашфиёти тааҷҷубовар ! Ҳайрат- ангезии ин «кашфиёт» дар ҳамин, ки муаллифи он баъзе хусусиятҳои маданияти Шарқи асримиёнагиро қориёна ба адабиёти муосир кўчонда татбиқ карданӣ шудааст». Сипас ў роҷеъ ба қаробат надоштани фалсафаи марксистӣ бо «фалсафаи идеалистии субъективии тасаввуф» сухан ронда, муборизаи Ҳофизро ба аҳли тасаввуф таъкид менамояд ва «адоватро ба сўи зулму золимӣ ва ҳомиёни он – «сўфиёни солуси хирқапўш» далел меорад. Аҷаб аст, ки муҳаққиқони тоҷик ба ҷои таҳсин барои дарёфти ин нуктаи тоза ба маломату мазаммати Иброҳими Пурҳодӣ пардохтанд ва ҳатто хостанд ба лабони ў мўҳри хомўшӣ зананд: «Камолоти эҷодиёти Турсунзода ҳам бо тараннуми одобу ахлоқ, ҳусниёт, одамият, халқият ва инсонпарварӣ ба ҳосил омадааст.

пешина
аз 625
навбатӣ