Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз байтҳои аввали ин манзума тавассути шикастани мисраъҳо садои пора шудани занҷири асорат ба гўши хонанда мерасад :
Осиё гўяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед !
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард, Ростиву дўстиро оқибат дарёб кард ! Дар байтҳои боло овозҳои о ва р беш аз ҳама истифода шуда, барои равшани возеҳ ва муассир зуҳур кардани матлаби шоир мусоидат кардаанд.
Шоир вазъи ғамангези мардуми Шарқро бо тазмини як байти Ҳофиз, ки оҳанги навмедӣ дошта, рўҳияи мардуми ранҷурро хеле возеҳ ифода мекунад, ба қалам дода, онро ба таври некбинона ва қотеъона тавзеҳ медиҳад :
Шеъри Ҳофизро ба ёд оред, - дарди Шарқро, Нолаҳои зор-зору оҳҳои сардро :
«Шаби торику бими мавҷу гирдоби чунин ҳойил, Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо».
Дар шаьи торик, бими мавҷ дигар Осиё Аз сабукборони соҳилҳо надорад шикваҳо.
Мефишоранд аз таҳи дил
Дасти онро дўстон,
То сари онро расонанд аз замин бар осмон…
Рафт давре, ки ҷудо буданд мисли чашмҳо Халқҳо-ҳамсояҳо дар сарзамини Осиё… Ташбеҳи вазъи мардумони Шарқ ба чашмони сар, ки аз ҳам ҷудо буда, якдигарро намебинанд, парешониву парокандагии онҳоро равшан нишон медиҳад.

пешина
аз 625
навбатӣ