Равзанаи адаб

Бегона чу ошно набошад.
Ҳамчунин дар ин ғазал ишора ба тороҷгирӣ, тирзанӣ, нокасӣ, бадаҳдӣ ва ғайра ҳаст, ки хоси чингизиёни истилогар буд.
Унсури дигари хеле муҳимми сабк ин забон ва алфоз аст.
Тавре ки ҳамаи муҳаққиқони осори шоир таъйид кардаанд, забони ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ бо соддагиаш мумтоз аст. Истифодаи калимаву ибора ва таъбирҳои гуфтугўии мардумӣ ё алфози омиёна ба соддагиву таровати ғазалҳои шоир ҳусни тоза афзудаанд:
Ман надонам, худ чӣ созам ҳила то бинам туро,
Ҷон ба лаб омад дар ин, охир биё, бинам туро.
Нест имрўз ҳеҷ хуш маро,
Пуртарак додаанд дўш маро.
Чашми ҳама пайваста ба абрўи ту бинам,
Нози маҳи нав якшабаке беш набошад.
Феъли «кушодан» дар гуфтугўи мардум маъниҳои гуногун дорад, ки Ҳасан дар ғазали зер онҳоро моҳирона истифода кардааст:
Сари зулфаш агар кушода шавад,
Корҳо сар ба сар кушода шавад.
Зулфаш аз мушк мушк аз хун аст,
Ҳам ба хуни ҷигар кушода шавад.
Рўи ман диду ханда кард, оре,
Ҳама тангӣ ба зар кушода шавад…
Дари давлат гирифта бош, Ҳасан,
Ту чӣ донӣ, магар кушода шавад.
Худи Ҳасан ба маншаи мардумӣ доштани ибораву таъбирҳо, зарбулмасалу мақолҳои ашъораш ишора кардааст:
Биҳил, мастона дар поят шавам паст,
Масал нашнидаӣ мастиву пастӣ.
Тавре ки мебинем, ҳам дар карбурди санъатҳои бадеӣ ва ҳам
дар истифодаи алфоз вежагии асосии ғазалҳои Ҳасани Саҷзии
Деҳлавӣ соддагист. Ба ин вежагии ғазалиёти шоир ҳанўз
донишманди муосир ва дўсти ў Мавлоно Зиёиддини Баранӣ дар
китоби «Таърихи Фирўзшоҳӣ» ишора карда буд. Баъдтар шоир ва донишманди бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ тарзи хоси ғазалҳои Ҳасани Деҳлавиро саҳми мумтанеъ номид: «Хоҷа Ҳасанро дар ғазал тарзи хос аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо