Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аксар қофияҳои тангу радифҳои ғариб ихтиёр намуда, лоҷарам аз иҷтимои онҳо шеъри вай агарчи дар бодҷурраъй осон менамояд, аммо дар гуфтан душвор аст. Бинобар ин ашъори вайро «саҳм мумтанеъ» гуфтаанд». Дарвоқеъ соддагӣ на танҳо дар шеваи баён, балки дар маъниву мўҳтаво ва тору пуди ғазалҳои шоир ба назар мерасад.
Ҳамчунин соддагӣ ё худ саҳли мумтанеъ ваҷҳи муштарак миёни ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ ва Саъдии Шерозӣ буда, лақаби «Саъдии Ҳиндустон» низ бешак ба ҳамин далел аст.
Ба ин тартиб саҳли мумтанеъ аз вежагиҳои тарзи хоси ғазалҳои Саъдии Шерозиву Амир Ҳасани Деҳлавӣ аст, ки аз шеваи ғазалсароии устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ маншаъ мегирад ва яке аз омилҳои мондагароии забону адаби форсӣ дар дарозои асрҳо то имрўз аст.
Пайнавишт

1.Ҳасани Деҳлавӣ. Мунтахабот, мураттибон М.Бақоев,
Л.Саломатшоева, Душанбе, Ирфон, 1965, саҳ.7.
2. Забеҳулло Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон, ҷ.3, бахаш 2,
Теҳрон, чопи ёздаҳум, 1378, саҳ.526.
Дониш, 1983, саҳ.186.

пешина
аз 625
навбатӣ