Равзанаи адаб

Турки ман дӣ каманд меандохт,
Банд бандам ба банд меандохт.
Эй кашида чу яке сарви саҳӣ боло рост,
Рост бар шакли най, лек най бо мо рост.
Дар ғазали зер санъати таҷние дар саросари шеър пайваста бо саноеъи дигар чун такрор ва ташхис омада, соддагӣ ва лутфи суханро афзудааст:
Зи чашмат чашми он дорам, ки аз чашмам наяндозад,
Ба чашмонат, ки чашмонам ба чашмони ту менозад.
Закоти чашм чашме кун ба сўи чашмам аз чашмат,
Ки чашмамро ба ҷуз чашмат дигар чашме намесозад.
Равон гардад паи чашмат зи чашмам чашмаҳои хун,
Агар чашми ту чашмамро зи чашми худ бияндозад.
Зи чашмат чашм баргирам чу чашмат гўшае гирам,
Ки бо чашми ту чашми ман ту гўӣ чашм мебозад.
Ҳасан то дид чашматро ба чашмат ҳар замон чашме,
Ба чашмак мезанад чашме, агар чашми ту бинвозад.
Кинояву рамз аз воситаҳои нисбатан мураккабу душвор фаҳм буда, дарки онҳо тааммуқу тааммул мехоҳад. Вале рамзҳои ғазалиёти Ҳасан хеле сода ва осонфаҳманд. Масалан, дар ғазали хер ситамгариву ҳолимӣ, бадаҳдиву тороҷгарии ҳокимони турку муғул ба тариқи рамз хеле нишонрас баён шудааст:
Хубиву туро вафо набошад,
Дар тира дилат сафо набошад.
Султони бутони аҳдӣ имрўз,
Дар аҳди бутон вафо набошад.
Чашмат ҷигарам будухт оре,
Турк аз таракӣ ҷудо набошад.
Дар назари аввал ин ғазали ошиқона аст ва ба маъшуқи бевафову бераҳм ихтисос дорад. Вале агар андаке тааммул кунем, пай бурдан душвор нест, ки ҳалафи шоир пеш аз ҳама ҳокимони давр аст. Зеро дар байти дуввум ҳато вожаҳои султон ва бутро истифода кардааст, ки бешак ишораест ба ҳокимони бутпарасти муғул, ки дар зулму ситам беназир буданд. Дар байти дигар ба бегона будани онҳо низ ишора шудааст:
Ақлам шуду ишқ монд, оре,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо