Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кардааст: «Ва сухани ин бузург (Ҳасани Деҳлавӣ-М.М.) чошнии Шайх Саъдиро дорад».
Аз ин ҷост, ки Ҳасани Деҳлавӣ бо лақаби «Саъдии Ҳиндустон» маъруф гаштааст. Забеҳулло Сафо дар «Таърихи адабиёт дар Эрон» сухани худро роҷеъ ба Ҳасани Деҳлавӣ бо ибораи «Саъдии Ҳиндустон» шурўъ намудааст. Масъалаи пайравии Ҳасан ба Саъдӣ мавзўи баҳси ҷудогона буда, ин ҷо бо таъкиди ин нукта иктифо мешавад, ки ин пайравӣ на танҳо дар тазмини миссраъу абёти Саъдӣ дар ғазалҳои шоир, ки зиёд нест, балки дар маъниву матлаб, сувари хаёлу тасвирҳо ва оҳангу шеваи баёни ў бармало мегардад.
Ҳасани Деҳлавӣ дар зимни ғазалиёташ борҳо ба тарзи хоси суханаш, яъне сабки тозаи худ ишора кардааст:

Дигар карданд хубон шеваи ҳусн,
Ҳасанро ҳам сухан тарзи дигар шуд.


Ин тарз шеваи Ҳасан аст варна пеш аз ин
Чандин шакар ба арсаи Ҳиндустон набуд.

Дар қитъае ў тафовут доштани тарзи суханашро аз шеваи баёни шоири бузурги муосираш Амир Хусрави Деҳлавӣ таъкид намудааст:

Хусрав аз роҳи карам бипзирад,
Он чи ман-банда Ҳасан мегўям.
Суханам чун сухани Хусрав нест,
Сухан он аст, ки ман мегўям.

Ба тарзи хоси сухани Ҳасани Деҳлавӣ адибону донишмандони дигар, аз ҷумла Абдурраҳмони Ҷомӣ ишора кардаанд, вале вежагиҳои ин тарзи баён ҳанўз мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва ба таври мушаххас нишон дода нашудааст. Ҳоло бо зикри чанд нукта дар ин маврид иктифо мешавад.
Тавре ки маълум аст, яке аз аносири ташкилкунандаи сабки осори ҳар шоир санъатҳои бадеист, ки тавассути онҳо маъниву матлаб ба таври барҷаставу муассир баён мегардад. Санъати таҷние аз ҷумлаи санъатҳои дўстдоштаи Ҳасани Деҳлавист, дар ғазалҳои ў ки хеле соддаву равон корбаст шудааст:

Пас аз дере ту пешам омадастӣ,
Бидеҳ бода, ки бе он умр бод аст.


пешина
аз 625
навбатӣ