Равзанаи адаб

Накудошти инсон дар осори Мир Сайид Алии
Ҳамадонӣ
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз зумраи он орифону мутафаккирон ва адибон аст, ки нерўи зеҳнӣ ва фаъолияти худро ба шинохти Зоти илоҳӣ ва кашфи асрори робитаи Инсон бо Худо бахшидаанд. Ин мавзўъ дар осори ў асосан аз дидгоҳи тасаввуф ва андешаи ваҳдати вуҷуд баррасӣ ва матраҳ шудааст. Инсон аз нигоҳи орифи бузург «мазҳари Ҳақ» ва «нусхаи офариниш»буда, олами сағирро мемонад. Ў дар ин бора дар асари маъруфи худ «Захиратулмулук» навиштааст: «Эй азиз, бидон, ки вуҷуди одамӣ нусхаи офариниш аст ва аз ин ҷиҳат ҳукамо онро олами сағир мехонанд». Аз ин ҷост, ки инсон хеле мураккаб буда, дар ниҳоди ў неруҳои мухталиф мавҷуданд. Дар симои ў муҳимтарин ҷанбаҳои ҳастӣ арзи вуҷуд мекунанд ва ниҳоди ў аз сифатҳои неку хислатҳои зишт таркиб ёфтааст. Вале орифи бузург инсонро қабл аз ҳама таҷассумгари сифатҳои илоҳӣ медонад ва ҷавҳари илоҳиро боиси пешрафту такомули ў мешуморад:
Ту ҳам рўҳию ҳам зулмат, ту ҳам феъливу ҳам иллат,
Ту ҳам ақлию ҳам сурат, ту ҳам ҷонию ҳам ҷонон.
Ту ҳам мақбулу ҳам қобил, ту ҳам мафъулу ҳам фоил,
Туӣ масъулу ҳам соил, туӣ ҳам ҷавҳару ҷавлон.
Туӣ ҳам баҳру ҳам гавҳар, туӣ ҳам ҷисму ҳам ҷавҳар,
Туӣ ҳам шаҳду ҳам шаккар, туӣ ҳам маъдану ҳам кон…
Аз нигоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ инсон офаридаи мумтоз буда, ҳамаи мавҷудоти олам тобеи ўянд ва бояд хидмати ўро ба ҷо оранд. Инсонро зарур аст, ки қадру эътибори худро донад ва аз табиату олами ҳастӣ барои рушду такомули моддиву маънавии худ истифода намояд :
Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф ориву ба ғафлат нах(в)арӣ.
Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.
Иртиботи инсон бо Худо дар осори Мир Сайид Алии
Ҳамадонӣ ҳам дар ашъор ва ҳам дар рисолаҳои ў шарҳу тавзеҳ
ёфтааст. Дар маснавии «Ҳафт водӣ», ки дар пайравии
«Мантиқуттайр»-и Фаридуддини Аттор навишта шудааст, андешаҳои ориф дар бораи марҳилаҳои тариқати тасаввуф баён гардида, вазифаву рисолати солик дар ҳар марҳила нишон дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё