Равзанаи адаб

Ў ҳам мисли Аттор ба масъалаи худшиносии инсон таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, онро василаи асосии Худошиносӣ мешуморад:
Ман кӣ бошам, то занам лофи шинохт, Ў шинохт ўро, ки ў худро шинохт.
Дар рисолаи «Даҳ қоидаи сўфия» Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шартҳои асосии иртиботи соликро бо Худованд баён намуда, аз ҷумла тоату ибодат, тазкияву поксозии нафс, тафсияву софии дилу рўҳ, тавбаву зуҳд, таваккулу қаноат, зикру узлат, сабру тоқат ва муроқибаву ризоро муҳим медонад.
Дар «Рисолаи зикрия» низ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои Худошиносӣ, ки ҳадафи аслии солики роҳи тариқат аст, пеш аз ҳама тарки худпарастиро зарур мешуморад: «То аз худпарастӣ фориғ нашавӣ, Худопараст наметавонӣ буд ва то банда нашавӣ, озодӣ наёбӣ, то пушт ба ҳар ду олам накунӣ, ба одаму одамият нарасӣ ва то аз худ нагурезӣ, ба Худо нарасӣ ва то худро фидо накунӣ, мақбули он Ҳазрат нашавӣ.» Дар осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ишқ василаи муҳимми иртиботи инсон бо Худо мебошад. Орифи шоир мухотаби хешро ба роҳи ишқ ҳидоят менамояд:
Биё, дар ишқ маҳрам бош, зеро
Раҳи номаҳрамон андар ҳарам нест.
Ту ҳамчун қатра аз дарё ҷудоӣ,
Аз онат дурри ирфон дар шикам нест…
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ монанди орифони дигар мақому манзалати ишқро нисбат ба ақл боло медонад. Зеро барои васл на ақлу мантиқ, балки ишқу эҳсос раҳнамову роҳбалади солик мебошад:
Ишқи ҷонон оташ асту ақл дуд,
Ишқ омад дар гурезу ақл зуд.
Ақл дар савдои ишқ устод нест,
Ишқ кори ақли модарзод нест.
Дар рисолаи «Машориб –ул-азвоқ» низ бартарии ишқ бар ақл таъкид шудааст:
Ба нури ишқ тавон тариқи ҷон рафтан,
Ба пойи ақл дар ин раҳ кай тавон рафтан? Дар маснавии «Ҳафт водӣ» роҳе, ки солик ба васли Парвардигор мерасад, тасвир шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё