Равзанаи адаб

Дар ҷилди аввал, ки дар асоси нусхаи таҳти № 456 Ганҷинаи дастхатҳои АИ ҶТ омода шудааст, ашъори шоир, рисолаҳои «Муродоти девони Ҳофиз», «Рисолаи қуддусия», «Макоримулахлоқ», «Минҳоҷулорифин», «Маърифати нафс», «Рисолаи маномия», «Рисолаи ҳамадония» ва асари бузурги «Захиратулмулук» ҷой дода шудаанд. Ҷилди дувум
27 рисолаи дигари мутафаккирро дар бар мегирад, ки бештар ба масолили фалсафиву ирфонӣ бахшида шудаанд. Дар ин ҷилд ҳамчунин бори аввал тарҷумаи тоҷикии баъзе рисолаҳое, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд, манзури хонандагон мегардад.
Дар ҳар ҷилд тавзеҳоту луғатномаи муфассал ҷой дода шудаанд, ки арзиши баланди роҳнамоӣ доранд.Вале бояд тазаккур дод, ки осори шоиру орифи бузург бо ин ҳо маҳдуд намегардад. Тавре муҳаққиқон ишора кардаанд, танҳо дар Китобхонаи Ризо Ромпури Ҳиндустон 63 нусхаи хаттии осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҳфуз аст. Дар китобхонаи Донишгоҳи Кашмир воқеъ дар шаҳри Сринагар 33 нусхаи хаттии рисолаҳои гуногуни ў нигаҳдорӣ мешаванд. Дар китобхонаҳои дигари кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб низ метавон нусхаҳои хаттии осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро дучор омад. Муҳаққиқон муваззафанд, ки ин осори фаровони ориф ва шоири мумтозро ҷамъоварӣ намуда, мавриди баррасӣ қарор диҳанд ыва матни илмиву интиқодӣ ва оммафаҳми онҳоро омода намуда, ба табъ расонанд ва дар асоси онҳо таҳқиқоти пурарзиш анҷом диҳанд.
Ба муносибати ҷашн ҳамчунин китоби нави Ҳ. Асозода «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: таълифоти илмӣ, ирфонӣ ва адабӣ»
ба табъ расид, ки таҳқиқоти муфассалу ҷамъбасткунандаест роҷеъ ба рўзгору осор, авкору андеша ва сабку шеваи баёни адибу орифи бузург. Дар китоби «Шеъри ирфонии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»-и Каримҷон Қодиров ва Мирзо Муллоаҳмад ашъори боқимондаи шоир ва мутафаккири барҷаста мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.
Ба истиқболи ҷашн китобу мақолаҳои зиёди дигар низ дар интишоротҳои гуногуни ҷумҳурӣ чоп хоҳанд шуд.
Дар рўзҳои ҷашн баргузории Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақоми ў дар тамаддуни Осиёи Марказӣ» дар назар аст, ки дар он дар радифи муҳаққиқони тоҷик беш аз 30 нафар донишмандони шинохтаи кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Россия, Амрико, Афғонистон, Ўзбекистон, Фаронса ва ғайра ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.
Ҷашни 700-солоагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бешубҳа марҳилаи тозаеро дар баррасиву шинохти орифу донишмсанд ва суханвари мумтоз боз мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё