Равзанаи адаб

Панду андарзҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно, ки бештар аз Қуръони маҷиду ҳадисҳои набавӣ сарчашма мегиранд, дарвоқеъ дурдонаҳои маънавӣ буда, барои ҳар фарди ҷомеа новобаста аз дину мазҳаб, ирқу нажод, забону миллат муассиру судманд мебошанд.
Дар ин маҷмуа саъй шудааст, ки муште аз хирвори панду андарзҳои Мавлавӣ ҷамъоварӣ ва манзури хонандагони гиромӣ гардад. Дар таҳияи маҷмуа бештар аз нашри осори Мавлоно, ки бо кўшиши Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддини Алавӣ ва Абдулло сурат гирифтааст, истифода шудааст. Ба онҳо барои кумаку мусоидат изҳори сипоси фаровон менамоем.
Дар замоне, ки раванди ҷаҳонӣ шудан босуръат идома дорад ва таҳоҷуми фарҳангҳои мухталиф боиси касодии ахлоқи ҷомеа мегардад, умед аст, ки пандҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно чун сипар ахлоқи ҳамидаи инсониро ҳифз менамоянд ва дар ҷомеа пояҳои одамиятро устувор месозанд.
Бузургдошти орифи бузург
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Таҷлилу бузургдошти адибону донишмандон ва фарҳехтагоне, ки дар пешрафти илму адабу фарҳанг ва ҷомеа хидмати шоиста кардаанд, аз суннатҳои ҳамидаи мардум дар ҳамаи даврону маконҳост. Вале дар Тоҷикистон дар даврони Истиқлол доираи таҷлили бузургони гузашта вусъат пайдо карда, маъниву ҳадафҳои тоза касб намуд. Масалан, дар замони шўравӣ ба орифоне, ки дар пешбурди тамаддун саҳм гузоштаанд, камтар таваҷҷўҳ мешуд. Ҳарчанд аз ному осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саноӣ, Аттор барин орифони бузург ёд мекарданд, вале таҳқиқу тарғиби осору афкори онҳо камтар сурат мегирифт. Маҳз дар даврони Истиқлол мардуми тоҷик бо аҳволу осори Имоми Аъзам, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва амсоли онҳо низ ошноии бештару амиқтар пайдо карданд. Аз ҳамин зумраи бузургон метавон аз шоир, нависанда ва орифи барҷастаи асри Х 1 У Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ёд кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30юми марти соли 2013 таҳти № 143 соли 2015 ҷашни 700- солагии ў таҷлил мешавад.
Ҳарчанд Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанўз дар замони зиндагиаш шўҳрат пайдо карда, осораш мавриди таваҷҷўҳи адибону донишмандон ва орифон қарор гирифта буд ва дар кишварҳои гуногун пайравону муридони зиёде дошт, вале баррасии ҳамаҷонибаи аҳволу афкори ин ор ифи бузург танҳо дар қарни 20 сурат гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё