Равзанаи адаб

Таҳқиқи рўзгору осори ин адибу донишманд ва орифи барҷаста дар Тоҷикистон низ дар нимаи дувуми асри гузашта оғоз ёфт. Донишманди ҷавон Моҳирхўҷа Султонзода аввалин муҳаққиқи тоҷик буд, ки ба баррасии аҳволу осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пардохт ва дар ин мавзўъ рисолаи илмӣ омода намуд. Китоби ў «Ҳақиқат дар бораи Ҳазрати Амирҷон», ки соли 1975 ба табъ расид, бори аввал хонандагони тоҷикро бо аҳволу осори адиб ва орифи бузург ошно намуд. Бо он ки дар солҳо дар бораи ирфону тасаввуф сухан рондан дар Тоҷикистон он қадар гуворо набуд, олими ҷавон саъй менамояд, ки баробари баёни шарҳи ҳоли адибу донишианд андешаҳои пешкадами иҷтимоиву ахлоқии ўро ба қалам диҳад. Ў ҳамчунин аз аввалин муҳаққиқонест, ки ба баргардон ва таҳияи осори вай шурўъ намуда, барои ба мардум ошно намудани асарҳои ахлоқии орифи бузург саҳми арзанда гузоштааст. Дере нагузашта дар пайравии ў як гурўҳ муҳаққиқон ба аҳволу осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, ба тартибу таҳия ва баррасиву таҳқиқи онҳо пардохтанд. Дар ин замина ба хусус кормандони Осорхонаи вилоятии таъриху кишваршиносии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кўлоб Иброҳим Ҷалилзода, Раҷаб Асозода, Музаффар Азизов ва амсоли онҳо кўшиши бештар ба харҷ дода, рисолаву мақолаҳо ба табъ расонданд. Муҳаққиқи ҷавон Ҳотам Асозода таҳқиқи амиқи аҳволу осори адибро ҳадафи худ қарор дода, дар мавзўи «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва хусусиятҳои адабиву бадеии осори ў» рисолаи илмӣ таълиф кард ва соли 2006 онро дифоъ намуд. Ҷустуҷўйҳои илмии ў дар китоби «Алии Ҳамадонӣ ва мақоми ў дар фарҳанги Шарқ», ки соли 2006 дар нашриёти «Ирфон» нашр шуд, ҷамъбаст гардиданд. Ҳотам Асозода, ки сарварии Муассаисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб»-ро ба ўҳда дорад, дар радифи корҳои зиёди ташкиливу созмондиҳӣ ба баррасии масоили мухталифи аҳволу осори адибу орифи бузург машғул аст.
Дар бораи рўзгор ва осору афкори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Эрон, Ҳиндустон, Покистон дар солҳои 70—90 асри
20 як силсила тадқиқот ба вуҷуд омаданд, ки «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ»-и Сайида Ашраф Зафар, «Шоҳи Ҳамадон»-и Сайид Ҳусейншоҳи Ҳамадонӣ, «Аҳволу осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»-и Муҳаммад Риёз, «Мураввиҷи ислом»-и Парвизи Азкойӣ, «Солори Аҷам»-и Сайид Абдурраҳмони Ҳамадонӣ, «Шоҳи Ҳамадон»-и Шамсиддин Аҳмад аз ҷумлаи онҳо буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё