Равзанаи адаб

Ҳамин тавр дар маснавӣ лаҳзаҳои зиёди рўзгори
Муҳамад нақл шудааст, ки ҳар кадом хислатҳои наҷиби ўро равшан менамоянд.
Паёмбари ислом дар тасвири Мавлавӣ рамзи покиву озодагист :
Чун Муҳаммад пок шуд з-он нору дуд,
Ҳар куҷо рў кард, ваҷҳуллоҳ буд.
Аз ин ҷост, ки ў ба офтоб монанд мешавад, ки ҳам поки беолоиш асту ҳам ба ҳамагон яксон роҳнамоӣ мекунад :
Дид сиддиқаш бигуфт: Эй офтоб ,
Не зи шарқӣ, не зи ғарбӣ, хуш битоб.
Мавлавӣ ҳамчунин расули акрамро ба моҳ монанд мекунад, ки он ҳам роҳи мардумонро мунаввар месозад, Аз ин ҷост, ки нури муҳаммадӣ дар саросари маснавӣ ва «Девони Шамс»
хеле фаровон ба чашм мерасад. Нури муҳаммадӣ, ки равшангари роҳи мардум дар зулмот аст, аз хуршеди илоҳӣ сарчашма мегирад.
Дар маснавӣ ба ҳадисҳои расули акрам низ хеле фаровон истинод шудааст. Ҷалолиддини Балхӣ аксаран андешаҳои худро бо ҳадисҳои Пайғамбар ҷамъбандӣ менамояд. Ў ҳадисҳоро гоҳ айнан ва гоҳе мазмунан зикр намуда, матлаби худро тақвият медиҳад. Масалан, роҷеъ ба зулми золимон ва вафои ҷоҳилон сухан ронда менависад :
Гуфт Пайғамбар : адоват аз хирад
Беҳтар аз меҳре, ки аз ҷоҳил расад.
Дар маснавӣ баъзан ҳадисҳои Пайғамбар тавзеҳ меёбанд.
Вале Мавлавӣ ба тавзеҳи зоҳирии ҳадисҳо маҳдуд нашуда,
маъниии ботиниву рамзии онҳоро бозгў менамояд. Дар ин бора худи Мавлоно навиштааст :
Гуфт Пайғамбар : Зи сармои баҳор
Тан мапўшонед ёрон зинҳор…
Ровиён онро ба зоҳир бурдаанд,
Ҳам бар он сурат қаноат кардаанд.
Илова бар тасвиру тавсиф ва ситоишу бузургдошти инсони
комил дар осори Ҷалолиддини Балхӣ роҳу василаҳои ташаккули
инсон, таълиму тарбияи ў ҳам ба қалам омадааст. Яке аз чунин василаҳо панду андарз аст, ки дар фарҳанги мардуми ориёӣ суннати бостонӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё