Равзанаи адаб

Он расули меҳрубону раҳмкеш
Ҷуз табассум бар бале н-овард пеш.
Дар маснавӣ ширкати Паёмбар дар ҷангу муборизаҳо низ ба қалам омада, ҳадафи он ҷангҳоро Мавлавӣ дар истиқрори сулҳу осоиш дар кишвар медонад :
Ҷанги Пайғамбар мадори сулҳ шуд,
Сулҳи ин охирзамон з-он ҷанг буд.
Муборизаи Паёмбар баҳри раҳоии мардум аз ҳалокат аст.
Инро Мавлавӣ аз забони худи Паёмбари ислом баён мекунад :
З-он ҳамекардам суфуфи ҷанг чок,
То раҳонам мар шуморо аз ҳалок.
Дар маснавӣ аз ёриву мададҳои Паёмбари ислом ба мўҳтоҷону ниёзмандон ёд шудааст. Аз ҷумла боре гурўҳи арабҳо дар биёбон аз беобӣ ранҷ мекашиданд ва хатари марг ба онҳо таҳдид мекард. Вақте ки Муҳамад аз ин ҳодиса иттилоъ пайдо мекунад, зуд ба ёрӣ мешитобад ва онҳоро аз марг наҷот медиҳанд.
Ҷои дигар кофиронро меҳмондорӣ кардани расули акрам тасвир шудааст, ки он ба саховатмандиву олиҳимматӣ ва раҳмдиливу меҳрубонии ў шаҳодат медиҳад.
Донишманди маъруфи англис Р. Николсон оид ба тасвири Муҳаммад дар Қуръон сухан ронда, зимнан муъҷизоти паёмбари исломро инкор менамояд.Вале дар маснавӣ Мавлавӣ борҳо аз муъҷизоти Пайғамбар ёд кардааст, ки бештари онҳо аз Қуръони маҷид маншаъ мегиранд. Аз ҷумла дар баҳсе, ки миёни Пайғамбар ва Буҷаҳл сурат мегирад, сангрезаҳои кафи Буҷаҳл ба сухан омада, ўро расулуллоҳ мехонанд. Яке аз муъҷизоти дигаре, ки ба Паёмбар нисбат дода мешавад, шикофтани моҳ аст :
Мустафо маҳ мешикофад нимшаб,
Жож мехояд зи кина Булаҳаб.
Тавре ки зикр шуд, Муҳаммад бо ҳама бузургӣ дар зиндагӣ хеле фурўтан аст. Ҷалолиддини Балхӣ дар маснавӣ тасвир мекунад, ки чи тавр Паёмбар боре пас аз рафтани «меҳмони пурхўре», ки «ҷомаи хоб»-ро олуда карда буд, бо дастони худ он бистарро мешўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё